Дар ҳоле ки имрӯз башарият беш аз ҳар давраи дигар ба хатари густариши низоъҳои фарогир ва ҳатто ҷанги ҷаҳонӣ рӯ ба рӯ шудааст, аз тарафи Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод намудани «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)», ки бегоҳии 25 июни соли 2026 Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид баргузор гардид, қабул намуд. Тавассути қатъномаи мазкур, 153 давлатҳои узв уҳдадории муштараки худро ҷиҳати пешбурди сулҳ, муколама ва ҳамбастагии байни наслҳо ҳамчун пояҳои муҳимми таъмини некӯаҳволии наслҳои оянда тасдиқ карданд, ки посухи саривақтӣ ба чолишҳои замон ва давоми мантиқии модели сулҳофарии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад.
Маҳз ҳамин мероси ғании фарҳангӣ, ки дар домани тамаддуни ориёӣ ташаккул ёфтааст, имрӯз барои пешбурди ташаббусҳои сулҳофарини Тоҷикистон дар сатҳи байналмилалӣ заминаи устувор фароҳам овардааст.
Дар ин замина, бо ибтикори Тоҷикистон ва дастгирии кишварҳои ҳамфикр соли гузашта дар Конфронси генералии ЮНЕСКО қатъномаи «Устувонаи Куруш: Эъломияи ибтидоии хуқуқи башар ва гуногунрангии фарҳангӣ» қабул гардид, ки аз решаҳои амиқи таърихии арзишҳои сулҳ ва ҳамдигарфаҳмӣ дар тамаддуни бостонии аҷдоди мо гувоҳӣ медиҳад.
Мусаллам аст, ки тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангӣ ва дигар мардумони форсизабон дар рушди илму маърифат ва тамаддуни ҷаҳонӣ саҳми сазовор гузоштаанд. Заминагузорони ин ганҷинаи ниҳоят арзишманд олимону файласуфон, шоирону нависандагон ва мутафаккироне буданд, ки мероси нодиру камназири онҳо аз василаҳои пешбарандаи илму фарҳанги инсоният маҳсуб меёбанд.
Боиси ифтихор аст, ки дар солҳои соҳибистиқлолии кишвар мардуми соҳибтамаддуни тоҷик бо таъриху бой ва фарҳанги куҳанбунёди беш аз шаш ҳазорсола зери партаву ҳидоятҳо ва пайгириҳо аз сиёсати инсонпарварона ва инсондӯстонаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, махсусан Пешвои тоҷикони ҷаҳон, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зери осмони софу озод ва фазои орому осуда, инчунин сулҳу Ваҳдати мустаҳкам дар кишвар ҳаёти осоиштаро пеш бурда, ба сӯйи ояндаи нек бо устувор қадам мениҳанд.
Аз рӯзҳои аввали Истиқлолияти давлатӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсати хориҷии худро бар пояи сулҳ, дӯстӣ, ҳамкории мутақобилан судманд ва эҳтироми меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ бунёд намуд. Таҷрибаи сулҳи тоҷикон, ки баъди анҷоми ҷанги шаҳрвандӣ ба даст омад, ба яке аз намунаҳои муваффақи мусолиҳаи миллӣ дар ҷаҳон табдил ёфт.
Бо такя ба ҳамин таҷриба Тоҷикистон дар доираи Созмони Милали Муттаҳид ташаббусҳои зиёдеро пешниҳод кардааст. Аз ҷумла, масъалаҳои марбут ба захираҳои об, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва ҳоло таҳкими сулҳи ҷаҳонӣ аз ҷумлаи иқдомҳое мебошанд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ дастгирӣ ёфтаанд.
Таърихи давлатдории навини тоҷик гувоҳ, ки дар воқеъ Ҷумҳурии Тоҷикистон зери роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои муаззами миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арсаи ҷаҳонӣ бо мактаби бузурги давлатдории навин ва мактаби сулҳпарвариву сулҳофарӣ ҳамчун кишвари пешрафтаву ташаббускор дар арсаи ҷаҳонӣ эътироф гардида, мақоми шоёнеро касб намуда, аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ мояи ифтихор ва шоёни таҳсину офарин дониста мешавад.
Боисти сарфарозист, ки имрӯз тавассути воситаҳои ахбори омма Паёми навбатӣ ва ё худ шодбошии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати қабули қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид таҳти унвони «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ барои наслҳои оянда, солҳои 2027- 2036» ва бузургдошти ҷашни миллии тоҷикон Рӯзи Ваҳдати миллӣ пахш гардид.
Бояд гуфт, ки қабули санади мазкур дар ҳофизаи мардум ҳамчун рӯйдоди фараҳбахш, хотирмон таърихиву ҳассос ва тақдирсоз нақш баста, умеду боварии ҳамагонро ба ояндаи нек дучанд мегардонад.
Чӣ хеле ки аён аст ҷаҳон имрӯз, сарфи назар аз пешрафтҳои бесобиқаи илму техника, рушди технологияҳои рақамӣ ва густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ, ҳанӯз ҳам аз мушкилоти печидаи сиёсиву амниятӣ, низоъҳои мусаллаҳона, терроризм, ифротгароӣ, рақобатҳои геополитикӣ ва буҳронҳои иқтисодиву экологӣ ранҷ мебарад. Башарият беш аз ҳар вақти дигар ба сулҳи пойдор, ҳамдигарфаҳмӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти муштараки давлатҳо ниёз дорад.
Бояд иброз намуд, ки дар чунин шароити пуртазод, ҳар ташаббусе, ки ба таҳкими сулҳ, пешгирии низоъҳо, тавсеаи фарҳанги муколама ва таҳкими ҳамдигарфаҳмии байни давлатҳо равона шудааст, аҳаммияти фаромиллӣ, стратегӣ ва геополитикӣ пайдо мекунад. Маҳз аз ҳамин дидгоҳ метавон қабули Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳидро оид ба эълон гардидани “Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027-2036”, ки бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод ва қабул гардид, аз муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсиву дипломатии солҳои охир арзёбӣ намуд.
Мусаллам аст, ки ин санади муҳим танҳо ҷонибдории ҷомеаи ҷаҳонӣ аз пешниҳоди навбатии Тоҷикистон набуда, балки пеш аз ҳама, эътирофи сиёсати пайгирона, созанда ва башардӯстонаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад, ки дар тӯли солҳои соҳибистиқлолӣ таҳти роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардида, сулҳ, субот, ҳамкории созанда, эҳтироми ҳуқуқи байналмилалӣ, ҳалли масъалаҳои глобалӣ ва геополитикиро тавассути муколама дар меҳвари сиёсати хориҷии кишвар табдил додааст.
Чӣ хеле ки маълум аст, марҳилае, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ин самт тай намуд, воқеан бесобиқа аст. Агар дар оғози солҳои навадуми асри гузашта кишвари мо ба сулҳу оромӣ эҳтиёҷи ҷиддӣ дошт, имрӯз ба яке аз ташаббускорони фаъол ва эътирофшудаи таҳкими сулҳу суботи байналмилалӣ табдил ёфтааст. Ин дигаргунӣ натиҷаи тасодуф нест, балки маҳсули таҷрибаи нодири сулҳи тоҷикон, ки аз меҳвари дидгоҳу ҷаҳонбинӣ, ҳикмату фалсафаи башардӯстонаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон берун омада, марзнопазир гардиддаст, мебошад.
Бояд тазаккур дод, ки дар фазои геополитикии ҷаҳони муосир, тамоюлҳои фардгароӣ, зиёдахоҳӣ ва арзёбии воқеият танҳо аз мавқеи манфиатҳои шахсӣ беш аз пеш тақвият меёбанд. Чӣ хеле, ки аён аст дар чунин муҳит мафҳумҳои қудратталабӣ ва гурӯҳҳӣ, сарват бар дигарон ба омилҳои таъсиргузори муносибатҳои байналмилалӣ табдил ёфтаанд. Ин воқеият, бетаъсир аз камбудиҳои амалии худ, ҳатто ба дарки мафҳумҳои бунёдии низоми демократӣ, ки ҳимояи ҳуқуқу озодиҳои инсонро ҳадафи худ медонад, низ таъсир расонида, онҳоро дар назари қисми зиёди ҷомеаи ҷаҳонӣ нисбӣ ҷилва медиҳад.
Гуфтан ба маврид аст, ки дар чунин шароит масъалаи рақобат барои нуфуз, манфиат ва тақсими фазои таъсир, гарчанде шаклан тағйир ёфтааст, аммо моҳиятан аз байн нарафтааст. Сабабҳои ҷангҳо ва низоъҳои имрӯза хеле гуногунанд, вале онҳоро метавон ба чор гурӯҳи асосӣ ҷудо кард: омилҳои амнятӣ, қудратталабӣ, манфиатҳои сиёсиву иқтисодӣ ва идеология ё эътиқод. Дар аксари ҳолатҳо ин чор унсур ба фаъолияти давлатҳои абарқудрат вобастагӣ доранд. Имрӯз барои хурду бузурги ҷумҳурӣ мояи ифтихору саодатмандист, ки дар Тоҷикистони соҳибистиқлол сулҳи пойдор ҳукмфармост. Вале роҳи расидан ба сулҳу оромӣ ва суботи комили сиёсии имрӯза ба осонӣ ба даст наомадааст. Маҳз сулҳу суботи пойдори кишвар заминаи пешрафти ҷомеа маҳсуб меёбад. Пешрафти ҷумҳурӣ дар ҳама соҳаҳои иқтисоди миллӣ, илму маориф, тандурустиву фарҳанг ва ҳифзи мероси таърихиву фарҳангӣ, инчунин, нақши фаъол дар ҳалли масъалаҳои ҷаҳонӣ, аз ҷумла рӯзномаи байналмилалии об ва ҳифзи пиряхҳо дастовардҳоеанд, ки ба аҳли ҷомеаи Тоҷикистони навин аз баракати сулҳу субот муяссар гардиданд.
Бояд тазаккур дод, ки воқеан ҳам, барои он ки наслҳои ояндаи инсоният дар фазои сулҳу оромӣ имкони ҳамзистӣ, рушд ва ҳамкориро дошта бошанд, бояд бартарафсозии ҳама гуна мушкилоти ҷаҳонӣ танҳо бо роҳи муколама ва ҳамкории созанда сурат гирад. Дар навбати худ, тарбияи насли наврас бояд дар руҳияи бунёдкорӣ роҳандозӣ гардад. Сулҳи устувору пойдор ҳамчун ҳадафи ниҳоии аҳли ҷомеа дар заминаи ба эътиборгирии арзишҳои ҳамзистии осоишта, таҳаммулпазирӣ, эҳтиром ба фарҳангҳои гуногун ва дарки масъулият барои ояндаи осоиштаи ҷомеа ба даст оварда мешавад.
Метавон махсусан қайд намуд, ки сарчашмаи пешравӣ ва ташаббусҳои мо арзишҳо ва анъанаҳои деринаи ҳамзистии осоишта мебошанд, ки дар ҷомеаи тоҷикон аз замонҳои хеле қадим ташаккул ёфтаанд. Тавре ки Пешвои муаззами миллат қайд мекунанд, сарзамине, ки дар марзи фарҳангҳо, забонҳо ва анъанаҳои гуногун қарор дошт, дар тӯли замон ба чорроҳаи ҳамзистиву ҳамкорӣ, таҳаммулгароӣ ва арҷгузорӣ ба забону фарҳанг ва урфу одатҳои ҳамдигар табдил ёфт.
Нақши Тоҷикистон танҳо бо пешниҳоди ташаббусҳои байналмилалӣ маҳдуд намешавад. Кишвар имрӯз дар таҳкими суботи минтақавӣ низ саҳми назаррас дорад. Вохӯрии таърихии сарони давлатҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Ӯзбекистон дар шаҳри Хуҷанд ва имзои Эъломияи Хуҷанд оид ба дӯстии абадӣ намунаи равшани истифодаи фарҳанги муколама барои ҳалли масъалаҳои мураккаби минтақавӣ мебошад.
Ҳамзамон, Тоҷикистон нисбат ба вазъи Афғонистон мавқеи устувор дошта, ҳамеша ҷонибдори таъсиси ҳукумати фарогир, мубориза бо терроризм, муқовимат бо ифротгароӣ ва расонидани кӯмакҳои башардӯстона ба мардуми ин кишвар мебошад. Ин сиёсати пайгирона аз дарки он сарчашма мегирад, ки суботи минтақа бевосита ба сулҳу оромии Афғонистон вобаста аст.
Ҳамин тавр, ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба пешбарии Қатъномаи Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид дар бораи эълони солҳои 2027–2036 ҳамчун «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» аз ҷумлаи муҳимтарин рӯйдодҳои сиёсӣ ва ҳуқуқии сатҳи байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Арзиши чунин иқдом танҳо дар доираи муносибатҳои байналмилалии муосир маҳдуд намешавад, балки барои рушди минбаъдаи тамаддуни инсонӣ низ аҳаммияти хос дорад. Пешниҳоди мазкур бори дигар собит месозад, ки сулҳ танҳо набудани ҷанг нест, балки раванди пайвастаи ҳамкорӣ, ҳамдигарфаҳмӣ, эътимод ва рушди муштараки давлатҳо мебошад, ки таҳкими он масъулияти умумии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба шумор меравад.
Бояд қайд намуд, ки Қатъномаи қабулшуда аз дидгоҳи стратегӣ имконият фароҳам меорад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба марҳалаи нави муносибатҳои байналмилалӣ ворид гардад. Дар меҳвари чунин муносибатҳо принсипҳои эътимод, масъулияти муштарак, эҳтироми мутақобила ва ҳамкории созанда қарор доранд. Амалӣ гардидани ҳадафҳои даҳсолаи байналмилалии сулҳ метавонад ба коҳиши низоъҳои мусаллаҳона, рушди дипломатияи бисёрҷониба, таҳкими фаъолияти ниҳодҳои байналмилалӣ ва такмили меъёрҳои ҳуқуқи байналмилалӣ мусоидат намояд. Ҳамзамон, чунин иқдом барои густариши фарҳанги сулҳ ҳамчун арзиши умумибашарӣ дар сатҳи миллӣ ва байналмилалӣ заминаи мусоид фароҳам месозад.
Аз дидгоҳи сиёсӣ ва таърихӣ, пешбарии чунин ташаббус бозгӯи мавқеи устувори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Дар солҳои соҳибистиқлолӣ кишвари мо бо роҳбарии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз давлати истиқболкунандаи кумакҳои байналмилалӣ ба кишвари ташаббускор ва пешниҳодкунандаи иқдомҳои сатҳи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Маҳз ҳамин сиёсати дурбинона боис гардид, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ Тоҷикистонро ҳамчун шарики боэътимод, ҷонибдори сулҳу субот ва ташаббускори ҳалли масъалаҳои муҳимми глобалӣ эътироф намояд.
Ҳамаи ташаббусҳои глобалии Тоҷикистон танҳо марбути некуаҳволию осудаҳолии мардуми давлати мо набуда, балки барои халқҳои ҷаҳон нигаронида шудаанд. Аз ҷумла, ташаббусҳои ба обу ҳифзи пиряхҳо вобаста, ки чандин сол боз дар арсаи байналмилалӣ пазируфта шудааст, бо амалӣ гаштанашон ба миллионҳо сокини рӯйи Замин барои зиндагии арзандаю шоиста мусоидат хоҳанд кард. Зеро имрӯз дар ҷаҳон миллионҳо одам аз норасоии оби ошомиданӣ азият мекашаду миллионҳо нафари дигар аз хароб будани муҳити зист дар азоб аст.
Сулҳ бузургтарин неъмат, асоси ҳастии миллат ва кафили рушди устувори ҳар давлат мебошад. Барои мардуми Тоҷикистон сулҳу ваҳдати миллӣ танҳо як воқеаи таърихӣ нест, балки оғози марҳилаи нави давлатдорӣ, бунёдкорӣ ва зиндагии шоистаи мардум ба шумор меравад. Ба шарофати сулҳу субот имрӯз Тоҷикистони соҳибистиқлол дар роҳи пешрафт устуворона қадам гузошта, дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа, аз ҷумла иқтисод, маориф, тандурустӣ, фарҳанг ва илм ба дастовардҳои назаррас ноил гардидааст.
Бояд таъкид намуд, ки ташаббусҳои байналмилалии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самтҳои обу иқлим, рушди устувор, ҳифзи пиряхҳо ва таҳкими сулҳ силсилаи ягонаи сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро ташкил медиҳанд. Ҳадафи умумии ҳамаи ин иқдомҳо саҳм гузоштан дар таъмини амният, рушди устувор ва беҳтар намудани шароити зиндагии ҷомеаи ҷаҳонӣ мебошад. Дар ҳамин замина, қабули Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» ҳамчун идомаи мантиқии сиёсати сулҳпарваронаи Тоҷикистон арзёбӣ мегардад.
Бо ҳамин, метавон гуфт, ки «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» танҳо як барномаи сиёсӣ нест, балки дидгоҳи фарогири инсондӯстонаест, ки ба таҳкими сулҳ, рушди устувор ва ҳамзистии осоиштаи давлатҳо ва миллатҳо нигаронида шудааст. Татбиқи муваффақонаи ин ташаббус метавонад саҳифаи наверо дар таърихи муносибатҳои байналмилалӣ боз намояд, ки дар он ҳамкорӣ, эътимод, ҳамдигарфаҳмӣ ва масъулияти муштарак ҷойгузини низоъ, рақобати носолим ва мухолифатҳо хоҳанд шуд. Бешубҳа, чунин иқдоми таърихӣ саҳми Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳкими сулҳу суботи ҷаҳонӣ боз ҳам равшантар ва муассиртар дар хотираи ҷомеаи байналмилалӣ сабт хоҳад кард.
Қабули қатъномаи СММ дар бораи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда» барои солҳои 2027–2036 ин таҷрибаро аз сатҳи миллӣ ба сатҳи парадигмаи қобили истифода барои дигар минтақаҳои даргир боло мебарад. Дастгирии 153 кишвар нишон медиҳад, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ модели тоҷикии гузариш аз ҷанг ба сулҳи устуворро ҳамчун эъломияи рамзӣ балки маводи амалии қобили татбиқ мепазирад. Бо вуҷуди ин, муваффақияти ниҳоии ин ташаббус на бо матни қатънома, балки бо иҷрои воқеии меҳварҳои он – муколамаи насли ҷавону пир, ҳамгироии сиёсати иқлим ва об бо барномаҳои сулҳ, ва идомаи дипломатияи бисёрқутбӣ – муайян хоҳад шуд. Аз ин рӯ, таҷрибаи Тоҷикистон бояд на ҳамчун модели тамомшуда, балки ҳамчун матни кушод барои таҳқиқоти минбаъда дар сулҳшиносии муосир дида шавад, ки ҳам дастовардҳои онро ва ҳам чолишҳои пешорӯи татбиқи дарозмуддаташро ба таври мунсифона арзёбӣ намояд.
Хусусияти муҳими сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар он аст, ки он аз ҳимояи манфиатҳои миллӣ фаротар рафта, ба таҳкими сулҳ, эътимод ва ҳамкории байналмилалӣ нигаронида шудааст. Дар шароити мураккаби геополитикии имрӯз, ки ҷаҳон ба таҳкими дипломатияи пешгирикунанда ниёз дорад, ташаббусҳои Тоҷикистон аҳаммияти хосса пайдо мекунанд.
Қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, солҳои 2027–2036» на танҳо муваффақияти дипломатияи тоҷик, балки эътирофи таҷрибаи сулҳи тоҷикон дар сатҳи ҷаҳонӣ мебошад. Ин санади муҳим заминаи нави ҳамкориҳои байналмилалиро дар самти таҳкими сулҳ, рушди фарҳанги таҳаммулпазирӣ ва масъулияти байнинаслӣ фароҳам меорад.
Мардуми тоҷик аз қадимулайём бо меҳмоннавозӣ, некхоҳӣ ва эҳтироми арзишҳои дигар миллатҳо маъруф будаанд. Дар кишвари мо намояндагони миллатҳои гуногун дар фазои дӯстӣ ва ҳамдигарэҳтиром зиндагӣ мекунанд. Ин яке аз нишонаҳои равшани сулҳи фарҳангӣ мебошад. Адабиёт ва санъат низ воситаи муҳими таҳкими сулҳи фарҳангӣ мебошанд. Осори бузургони адабиёти тоҷик, аз ҷумла ашъори устодони классик ва нависандагони муосир, мардумро ба дӯстӣ, ваҳдат, инсондӯстӣ ва эҳтироми арзишҳои инсонӣ даъват мекунанд. Мусиқӣ, театр, кино, наққошӣ ва дигар намудҳои санъат метавонанд дилҳоро ба ҳам наздик созанд ва миёни мардум пули дӯстӣ бунёд намоянд. Ҷавонон дар таҳкими сулҳи фарҳангӣ нақши калидӣ доранд. Онҳо бояд аз таърих ва фарҳанги миллати худ огоҳ бошанд ва ҳамзамон фарҳанги дигар халқҳоро омӯзанд.
Имрӯз ҳар як сокини кишвар дар фазои орому осуда зиндагӣ ва фаъолият намуда, аз имкониятҳои фароҳамшуда барои таҳсил, меҳнат, табобат ва рушди шахсӣ бархурдор мебошад. Бунёди муассисаҳои нави таълимӣ ва тандурустӣ, роҳҳо, марказҳои хизматрасонӣ ва дигар иншооти муҳими иҷтимоӣ самараи сулҳу суботи пойдор мебошад.
Мардуми Тоҷикистон бо эҳтироми бузург хизматҳои таърихии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар барқарорсозии сулҳу ваҳдати миллӣ қадр менамоянд.
Сулҳ неъмати бебаҳоест, ки бо заҳмат ва фидокорӣ ба даст омадааст. Ҳифзи он вазифаи муқаддаси ҳар як шаҳрванди Тоҷикистон мебошад. Мо бояд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ, таҳаммулпазирӣ ва масъулияти шаҳрвандӣ барои таҳкими сулҳу ваҳдати миллӣ ва рушди Тоҷикистони соҳибистиқлол саҳми шоистаи худро гузорем.
Бигзор сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва осмони софи Тоҷикистони азиз ҳамеша пойдор бошад ва татбиқи ҳадафҳои «Даҳсолаи байналмилалӣ оид ба таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» барои таҳкими дӯстии байни халқҳо, рушди ҳамкориҳои байналмилалӣ ва фароҳам овардани зиндагии орому осуда барои тамоми инсоният мусоидат намояд.
Дар маҷмӯъ, метавон хулоса намуд, ки ташаббуси навбатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Созмони Милали Муттаҳид қадами муҳим дар роҳи ташаккули низоми нави муносибатҳои байналмилалӣ ба ҳисоб меравад. Низоме, ки бар пояи сулҳ, ҳамкорӣ, эътимоди мутақобила ва рушди устувор бунёд ёфта, метавонад ба таъмини амнияти ҷаҳонӣ ва пешрафти ҷомеаи башарӣ мусоидат намояд. Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо пешниҳоди чунин ташаббуси дорои аҳамияти ҷаҳонӣ бори дигар мақому нуфузи Тоҷикистонро ҳамчун кишвари сулҳпарвар, ташаббускор ва ҷонибдори ҳамкориҳои созандаи байналмилалӣ таҳким бахшиданд.
Хулосаи калом ин аст, ки қабули қатъномаи «Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда (2027–2036)» бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон исбот мекунад, ки Тоҷикистон аз як кишвари қабулкунандаи сулҳ ба як содиркунанда ва донори моделҳои сулҳ ва дипломатияи об дар сатҳи глобалӣ табдил ёфтааст. Фалсафаи ин иқдом, ки аз таҷрибаи талхи ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ ва дарки арзиши ваҳдати миллӣ сарчашма мегирад, нишон медиҳад, ки сулҳи пойдор на танҳо бо имзои созишномаҳо, балки бо сармоягузорӣ ба наслҳои оянда, муколамаи фарҳангӣ ва прагматизми сиёсӣ ба даст меояд. Ин модел имрӯз метавонад ҳамчун нақшаи кории муассир барои ҳалли низоъҳои пуртазод дар фазои геополитикии ҷаҳони муосир хизмат кунад.
Халилзода Давлаталӣ,
доктори илмҳои таърих, професори кафедраи таърихи умумии ДДБ ба номи Носири Хусрав
