Истиқлолият барои ҳар як миллат бузургтарин дастоварду арзишест, ки он натанҳо сарнавишти давлат, балки ба ояндаи наслҳои минбаъда низ пайванди дорад. Истиқлолияти давлатӣ барои Ҷумҳурии Тоҷикистон оғози марҳилаи нави таърихи, заминаи асосии ташакул ва таҳкими давлатдории миллӣ, низоми ҳуқуқи ва ҷомеаи шаҳрванди ба ҳисоб меравад.
Воқеан ҳам истиқлолият воситаи асосии рушди давлат муаянкунандаи сиёсати дохили ва хориҷии ҳар як кишвар аст. Истиқлол нишони ҳувият, ифтихору номус рамзи саодат ва шарти бақои давлат мебошад. Ин дастовард дар назди мардуми тоҷик рисолати бузургеро мегузорад, ки муҳимтарини онҳо ташкили аркони давлати соҳибихтиёр, таҳкими сулҳу субот, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, оғози раванди созандагиву бунёдкориҳо ва расидан ба сатҳи зиндагии шоистаи мардум мебошад.
Ҷумҳурии Тоҷикистон дар марҳилаи муосир эъмори давлати давлати ҳуқуқбунёд ва демократиро интихоб намудааст, ки дар чунин шароит инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ ҳамчун арзиши олӣ эътироф гардидааст. Маҳз чунин ҳолат, мазмуни фаъолияти тамоми ниҳодҳои давлатию ҷамъиятиро ташкил медиҳад. Дар робита бо ин, дар сатҳи конститутсионӣ эътироф, риоя ва ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ҳамчун унсури муҳимтарини асосҳои сохтори конститутсионии кишвар муқаррар гардидааст. Бинобар ҳамин, тамоми мақомоти давлатӣ ва шахсони мансабдори онҳо ҷиҳати дар амал ба таври пурра ва самаранок татбиқ намудани меъёри мазкур масъул гардидаанд.
Бояд қайд намуд, ки дар тули 35 соли соҳибистиқлоли Тоҷикистон дар самти бунёди давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ , таҳкими пояи давлатдории миллӣ, ҳимояи манфиатҳои миллӣ ва давлатӣ, таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ, инчунин ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд корҳои назаррас анҷом додааст. Дар натиҷаи ин дастовардҳо Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ҳамчун кишвари соҳибтамадун, сулҳпарвар ва дорои мавқеи устувори сиёсӣ эътироф гардид.
Дастоварди бузургтарини мо дар тӯли 35 соли истиқлолият барқарор намудани сулҳу суботи комил ва пойдории ваҳдати миллӣ, таъмини рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ, таҳкими худшиносиву худогоҳӣ, болоравии ҳисси ватандӯстиву ватандорӣ ва таъсиси низоми ҳуқуқии мустақил дар миёни тамоми табақаҳои иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистон аст, ки маҳз ба шарофати хиради азалии Пешвои муаззами миллат ва мардуми соҳибмаърифату фарҳангдӯсти тоҷик муяссар гардид.
Соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистон барои ташакули низоми нави давлатдорӣ ва муносибатҳои ҳуқуқии байни давлату шаҳрванд заминаи муҳим фароҳам овард. Истиқлолияти давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон низоми ҳуқуқии миллии худро ташакул дода асосҳои давлатӣ демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявиро мустаҳкам намояд. Дар ин раванд шаҳрванд ҳамчун субъекти муносибатҳои ҳуқуқӣ ва иштироки фаъоли ҳаёти сиёсиву ҷамъиятӣ мавқеи хос пайдо кард.
Қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон яке аз муҳимтарин марҳилаҳои таҳкими асосҳои ҳуқуқии иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлати ба ҳисоб меравад. Конститутсия инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро арзиши оли эътироф намуда, барои иштироки шаҳрвандон дар ҳаёти сиёсӣ ва идоракунии давлатӣ заминаҳои конститутсионӣ фароҳам овардааст.
Дар даврони соҳибистиқлоли заминаҳои меъёрии ҳуқуқии таъмини иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлати пайваста такмил дода шуданд. Асоси ин низомро Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳад, ки дар моддаи 27 – уми он ҳуқуқи шаҳрвандонро ба иштироки бевосита ё навасути вакилони худ дар ҳаёти сиёси ва идоракунии давлатӣ муқаррар намуда, ҳуқуқи баробарии иштироки шаҳрвандонро ба хизмати давлатӣ эътироф кардааст. Ин меъёри конститутсиони дар як қатор санадҳои дигари меъёри ҳуқуқи инкишоф ёфтааст. Аз ҷумла, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқӣ”тартиби амалисозии ҳуқуқи шаҳрвандонро ба муроҷиат ба мақомоти давлатӣ танзим намуда имконияти пешниҳоди муроҷиатро дар шакли шифоҳӣ, хаттӣ ва электронӣ пешбини мекунад. Қонун ҳамчун баррасси муроҷиатҳоро ба принсипҳои қонуният, адолат, баробрӣ, ошкорбаёни шаффофият ва риояи ҳуқуқу озодиҳои муроҷиаткунандагон асоснок менамояд.
Барои татбиқи амалии ин ҳуқуқҳо қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 1 июни соли 2017 №276 “Тартиби коргузори ва баҳисобгирии оморӣ оид ба муроҷиатҳои шахсони воқеи ва ҳуқуқи”-ро қабул намуда тартиби ягонаи коргузорӣ ва баҳисобгирии муроҷиатҳоро дар мақомотҳои давлатӣ ва дигар ташкилотҳои дахлдор муаян кардааст. Ҳамин тавр ташакули низоми мазкур нишон медиҳад, ки дар солҳои соҳибистиқлоли барои ба меъёрҳои ҳуқуқи табдил додани иштироки шаҳрвандон дар муносибатҳои идоракунии давлатӣ ва фароҳам овардани механизмҳои амалии ҳимоя ва татбиқи ҳуқуқҳои онҳо заминаи зарурии ҳуқуқи ба вуҷуд оварда шудааст.
Аз ин рӯ, метавон таъкид намуд, ки истиқлолияти давлатӣ на танҳо шарти ташакули давлатдории миллӣ, балки заминаи ҳуқуқӣ, сиёсӣ ва рушди иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Самаранокии ин иштирок дар навбати худ ба сатҳи кафолати ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандон, рушди маърифати ҳуқуқӣ, шафофияти фаъолияти мақомоти давлатӣ ва истифодаи мезанизиҳои муосири идоракуни вобастагӣ дорад
Дар давраи соҳибистиқлоли рушди технологияи иттилоотӣ низ ба муносибати шаҳрвандон бо мақомоти давлати таъсири назаррас расонидааст. Гузариш ба хизматрасониҳои электрони ва истифодаи воситаҳои рақамӣ имконият вароҳам меоварад, ки шаҳрвандон ба мақомоти давлати осонтар муроҷиат намуда, иттилооти заруриро дастрас кунанд ва дар равандҳои идоракунии давлатӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳуқуқи шаҳрвандон ба иштирок дар идоракунии давлатӣ яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди демократия дар давлати ҳуқуқбунёд буда, он имкон медиҳад, ки шаҳрвандон дар муаян сохтани самтҳои рушди давлат дар ҷомеа бевосита ё тавасуди намояндагони интихобкардаи худ саҳм гузорад.
Дар ин замина, таҳлили дастовардҳои 35 соли соҳибистиқлоли нишон медиҳад, ки таҳкими мақоми ҳуқуқии шаҳрвандон ва фарҳам овардани шароити мусоид барои иштироки онҳо дар идоракунии давлати қисми муҳим раванди давлатсозии миллӣ ба шумор меравад. Аз ин рӯ омӯзиши таҷрибаи миллӣ, дастовардҳои мавҷуда ва дурнамои такмили механизҳои ҳуқуқии иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ аҳамияти хосаи илмӣ ва амалӣ дорад.
Яке аз самтҳои муҳими рушди давлатдории Тоҷикистон дар марҳилаҳои минбаъда такмили механизмҳои ҳуқуқии иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ мебошад. Аз нуктаи назари ҳуқуқи дурнамои мазкур пеш аз ҳама ба тақвияти ҳуқуқи шаҳрванд дар барои муносибат ва ҳамкори бо имақомоти давлати мебошад.
Дурнамои рушди ҳуқуқи шаҳрвандон дар идоракунии давлати бояд ба 4 меҳвари асоси такя кунад: баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, рақмикунонии иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ, таҳкими механизмҳои ҳимояи ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд ва баланд бардоштани масъулияти мақомоти давлатӣ оиди иштироки шаҳрвандон дар идоракунии давлатӣ. Ин раванд ба таҳкими давлати ҳуқуқбунёд ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ мусоидат менамояд.
Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар баробари фароҳам овардани заминаҳои ташакули давлатдории миллӣ, барои гузариш ба модели идоракунии давлатие мусоидат намуд, ки дар он шаҳрванд тадриҷан аз объекти идоракуни ба субъекти фаъоли муносибатҳои давлатдорӣ табдил меёбад. Ин раванд яке аз нишондиҳандаҳои муҳими рушди давлатӣ ҳуқуқбунёд ва ҷомеаи шаҳрвандӣ ба ҳисоб меравад ва зарур аст чунин давлати ҳуқуқбунёд, чунин ҷомеаи шаҳрвандӣ ва чунин истиқлолияти беназир дар баробари ҳама гуна таҳдид ҳифз гардад.
Парвиз МУЗАФАРЗОДА,
омӯзгори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

