Имрӯз дар Шурои диссертатсионии 6D.КОА-103- ин назди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров ҳимояи диссертатсияи Савруллозода Ҳанифа Саврулло, унвонҷӯи кафедраи кафедраи методикаи таълими технологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Методикаи баландбардории салоҳиятҳои касбии омӯзгорони ояндаи ихтисоси «Технология (Таълими меҳнат)» бо воситаи ҳунарҳои миллӣ (дар мисоли вилояти Хатлон)”, зери роҳбарии Сатторов Абдурасул, доктори илмҳои педагогӣ, профессори кафедраи алгебра ва геометрияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии номзади илмҳои педагогӣ аз рӯйи ихтисоси 5.3 – Педагогика (5.3.10.11–Назария ва технологияи таълими меҳнат ва дизайн) пешбинӣ мешавад.
