
Истиқлолияти давлатӣ дар таърихи навини Тоҷикистон муҳимтарин рӯйдоди сиёсӣ ва иҷтимоӣ арзёбӣ гардида, барои эҳёи давлатдории миллӣ, таҳкими худшиносиву ҳувияти миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақилонаи рушди кишвар заминаи воқеӣ фароҳам овард. Ба даст овардани соҳибихтиёрӣ барои миллати тоҷик танҳо тағйироти ҳуқуқию сиёсӣ набуд, балки оғози марҳилаи нави таърихӣ гардид, ки дар доираи он масъалаҳои давлатсозӣ, таҳкими ваҳдати миллӣ, рушди иқтисодиёт ва беҳтар намудани сатҳи зиндагии аҳолӣ аҳамияти калидӣ пайдо намуданд.
Дар шароити соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон имконият пайдо кард, ки сиёсати дохилӣ ва хориҷии худро бо назардошти манфиатҳои миллӣ мустақилона муайян намуда, самтҳои афзалиятноки рушди иҷтимоию иқтисодиро амалӣ созад. Маҳз ҳамин соҳибихтиёрӣ барои ташаккули заминаҳои ҳуқуқии давлатдорӣ, таҳкими институтҳои давлатӣ ва муайян намудани ҳадафҳои стратегии рушди миллӣ шароити мусоид ба вуҷуд оварад.
Таҷрибаи соҳибистиқлолӣ нишон медиҳад, ки пойдории давлатдорӣ бевосита ба ҳифзи сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ вобастагӣ дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар оғози даврони Истиқлолият ба мушкилоти ниҳоят мураккаби сиёсӣ, иҷтимоӣ ва иқтисодӣ рӯ ба рӯ гардид. Аммо бо барқарор гардидани сулҳу субот ва таҳкими ваҳдати миллӣ барои гузариш аз марҳилаи буҳрон ба марҳилаи созандагӣ ва рушди пайгирона заминаи мусоид фароҳам омад.
Яке аз муҳимтарин дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ ташаккули низоми муосири давлатдории миллӣ арзёби мегардад. Қабули Конститутсия, ташаккули мақомоти ҳокимияти давлатӣ, таҳкими заминаҳои ҳуқуқии ҷомеа, таъсиси Артиши миллӣ, рушди мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва дигар ниҳодҳои давлатӣ барои ҳифзи соҳибихтиёрӣ ва таъмини амнияти миллӣ аҳамияти бузург доранд.
Дар тӯли солҳои Истиқлолият рушди иқтисодӣ яке аз самтҳои асосии сиёсати давлатӣ қарор гирифт. Татбиқи ислоҳоти иқтисодӣ, рушди соҳибкорӣ, ҷалби сармоягузорӣ, бунёди корхонаҳои истеҳсолӣ ва рушди инфрасохтори иқтисодӣ барои тағйироти сохторӣ дар иқтисоди миллӣ мусоидат намуданд. Ҳамзамон, ҳалли масъалаҳои марбут ба таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ, амнияти озуқаворӣ ва саноатикунонии бо суръати мамлакат ҳамчун самтҳои муҳими рушди кишвар муайян гардиданд. Бунёду таҷдиди роҳҳои автомобилгард, нақбҳо, пулҳо, неругоҳҳо, иншооти иҷтимоӣ ва истеҳсолӣ на танҳо имкониятҳои иқтисодии кишварро васеъ намуданд, балки барои таҳкими робитаҳои байни минтақаҳо ва беҳтар гардидани дастрасии аҳолӣ ба хизматрасониҳо мусоидат карданд. Ин раванд Ҷумҳурии Тоҷикистонро ба марҳилаи нави ҳамгироии иқтисодию коммуникатсионӣ ворид намуд. Дар шароити муосир аҳамияти Истиқлолият бо масъалаи рақамикунонии иқтисодиёт ва истифодаи технологияҳои навин пайванди ногусастанӣ пайдо кардааст.
Рушди иқтисоди рақамӣ, густариши хизматрасониҳои электронӣ, истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ, ҷорӣ намудани пардохтҳои ғайринақдӣ ва ташаккули муҳити инноватсионӣ аз ҷумлаи самтҳое мебошанд, ки метавонанд рақобатпазирии иқтисоди миллӣ ва самаранокии идоракуниро дар оянда баланд мебардорад. Истиқлолият инчунин барои рушди сармояи инсонӣ ва баланд бардоштани нақши илму маориф имкониятҳои нав фароҳам сохт.Таҳкими заминаи моддию техникии муассисаҳои таълимӣ, зиёд гардидани шумораи муассисаҳои таҳсилоти олӣ, рушди таҳсилоти касбӣ ва таваҷҷуҳи бештар ба омодасозии кадрҳои ҷавобгӯ ба талаботи бозори меҳнат аз ҷумлаи равандҳои муҳими солҳои соҳибистиқлолӣ ба шумор меравад. Дар шароити иқтисоди донишбунёд маҳз сатҳи дониш, малака ва қобилияти навоварии инсон ҳамчун яке аз омилҳои асосии рушди ҷомеа арзёбӣ мегардад.
Дар баробари дигаргуниҳои иқтисодию иҷтимоӣ, Истиқлолият барои эҳё ва таҳкими арзишҳои миллӣ аҳамияти сарнавиштсоз дорад. Забони давлатӣ, таърих, фарҳанг, адабиёт, анъана ва дигар унсурҳои ҳувияти миллӣ ҳамчун сарвати маънавии ҷомеа мавқеи муҳимтар пайдо намуданд. Омӯзиши ҳамаҷонибаи таърихи давлатдорӣ ва мероси фарҳангии миллӣ дар ташаккули худшиносии шаҳрвандон, таҳкими ҳисси ватандӯстӣ ва масъулияти онҳо дар назди давлату миллат нақши муҳим мебозад. Имрӯз ҳифзи Истиқлолият танҳо вазифаи мақомоти давлатӣ набуда, масъулияти шаҳрвандии ҳар як фарди ҷомеа мебошад. Дар ҷаҳони пуртазоди муосир, ки бо таҳдидҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иттилоотӣ ва дигар мушкилоти фаромиллӣ рӯ ба рӯ мебошад, таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи манфиатҳои миллӣ, боло бурдани сатҳи маърифати сиёсиву ҳуқуқӣ ва рушди ҳисси ватандӯстӣ аҳамияти бештар пайдо мекунад. Таҷрибаи таърихии Тоҷикистон собит месозад, ки бе суботи сиёсӣ ва ҳамдигарфаҳмии ҷомеа расидан ба рушди воқеии иҷтимоию иқтисодӣ ғайриимкон аст. Аз ин рӯ, ҳифзи сулҳ, таҳкими ваҳдат ва таъмини ҳамбастагии шаҳрвандон бояд ҳамчун яке аз шартҳои асосии пешрафти давлат дар оянда арзёбӣ гардад.
Бо гузашти 35 сол метавон Истиқлолияти давлатии Тоҷикистонро ҳамчун заминаи асосии ташаккули давлатдории навин, таҳкими ҳувияти миллӣ ва фароҳам омадани имкониятҳои рушди ҷомеа арзёбӣ намуд. Дар ин давра Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист роҳи хоси давлатсозӣ ва рушди худро муайян намуда, барои таҳкими иқтидори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии мамлакат корҳои назаррасро анҷом диҳад. Истиқлолият барои миллати тоҷик танҳо дастоварди гузашта нест, балки масъулияти имрӯз ва рисолати фардо мебошад. Ҳифзи он, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва истифодаи самараноки имкониятҳои он барои рушди ҷомеа вазифаи умумии ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон аст. Танҳо тавассути дониш, меҳнати созанда, ваҳдати миллӣ, эҳсоси баланди ватандӯстӣ ва саҳмгузорӣ дар рушди давлат метавон дастовардҳои Истиқлолиятро ҳифз намуда, Тоҷикистони соҳибистиқлолро ба зинаҳои нави пешрафт раҳнамун сохт. 35 соли Истиқлолият – марҳилаи ташаккули давлатдории навин, таҳкими ҳувияти миллӣ ва гузоштани заминаҳои рушди ояндаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Муродов Мусулмонқул
н.и.к, дотсенти Донишгоҳи
давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
