Имрӯз бо иштироки ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ҷаласаи навбатии Шурои олимони донишгоҳ баргузор гардид.
Дар ҷаласа масъалаҳои муҳими марбут ба фаъолияти донишгоҳ, омодагӣ ба соли таҳсили 2026–2027 ва баргузории чорабиниҳои марбут ба ҷашнҳои муҳими миллӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Дар оғози ҷаласа масъалаи муҳокима ва тасдиқи нақшаи корӣ ва аъзои Шурои олимони донишгоҳ барои соли таҳсили 2026–2027 аз ҷониби муовини ректор оид ба таълим Ҳамдамзода Хурсанд масъалагузорӣ гардид.
Сипас, масъалаи омодагӣ ба ҷашнҳои 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 32-солагии Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби муовини ректор оид ба тарбия Нурализода Наргис мавриди муҳокима қарор гирифт.
Ҳамчунин, масъалаи омодагии Раёсати таҳсилот ва факултетҳои донишгоҳ ба соли таҳсили 2026–2027 баррасӣ гардид. Дар ин хусус сардори Раёсати таҳсилот Наимҷон Ашурзода ҳисобот пешниҳод намуд.
Дар ҷараёни ҷаласа вобаста ба масъалаҳои баррасишуда мубодилаи афкор сурат гирифта, барои беҳтар намудани фаъолияти таълимӣ, тарбиявӣ ва ташкилию илмии донишгоҳ пешниҳодҳои дахлдор баён гардиданд.
Дар фарҷоми ҷаласа ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба масъулин ҷиҳати омодагии ҳамаҷониба ба соли нави таҳсил, дар сатҳи баланд баргузор намудани чорабиниҳои ҷашнӣ ва таъмини иҷрои вазифаҳои дар назди донишгоҳ гузошташуда дастуру супоришҳои мушаххас дод.
Дар ҷаласа ҳамчунин масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, қарорҳои дахлдор қабул карда шуданд.

