
Тоҷикон дар тӯли ҳазорсолаҳо ҷабру ҷафои аҷнабиёнро бо сабру таҳаммул ва бурдбории мардонавор паси сар намуда, бо дастовардҳои безаволи фарҳангиашон беҳтарин бозёфтҳои маънавии нухбагони сарзамини хешро ҳифз кардаанд. Тоҷикон таърихи бою куҳан доранд. Ҳанӯз дар асрҳои VII–IX давлатҳои Суғду Бохтар, Порту Марғиён ва Хоразми Бузургро созмон дода, дар рушди тамаддуни башар ҳиссагузорӣ кардаанд. Дар масири таърих борҳо тавассути ҳамлаҳои давлатҳои абарқудрат истиқлолияти худро аз даст дода, боз соҳиби давлату шаҳомат гаштаанд. Барои миллати куҳанбунёди тоҷик пас аз суқути давлати Сомониён қариб ҳазор сол лозим шуд, ки дар порае аз сарзамини таърихии аҷдодиаш давлати худро бунёд намояд ва ба оламиён аз истиқлоли деринтизори сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиаш паём фиристад. Хушбахтона, истиқлолияти давлатии тоҷикон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ бо қаноатмандӣ эътироф гардид.
Соҳибихтиёрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Эъломияи истиқлолияти он ифода ёфт, ки он 24 августи соли 1990 дар Иҷлосияи дуюми Шурои Олии Тоҷикистон қабул шуд. 9 сентябри соли 1991 Шурои Олии Тоҷикистон дар иҷлосияи ғайринавбатии худ соҳибихтиёриву мустақилияти Тоҷикистонро эълон намуд. Эъломияи истиқлолият волоияти Конститутсия ва қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон, истифода ва ихтиёрдорӣ ба боигариҳои миллии ҷумҳурӣ, эътирофи принсипҳо ва меъёрҳои байналмилалиро аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ба уҳда гирифт.
Барои ҳар як давлат ва қавму миллат доштани Истиқлоли давлатӣ яке аз бузургтарин арзиши умумибашарӣ ба ҳисоб меравад. Зеро истиқлол рамзи озодӣ, ҳуқуқбунёдӣ, якдилию якмаромӣ буда, роҳи пурсаодати миллатро тавассути фароҳам овардани неъматҳои моддию маънавӣ ва дастовардҳои сиёсию иқтисодӣ мекушояд. Аз ҳамин нуқтаи назар, мафҳум ва моҳияти “истиқлолият” дар таълимоти як қатор олимону равшанфикрон ба сифати беҳтарин неъмат ва заминаи асосии хушбахтии инсоният шарҳу тавзеҳ дода шудааст.
Истиқлолияти давлатӣ бузургтарин дастоварди таърихии миллати тоҷик ва муҳимтарин омили таҳкими давлатдории миллӣ ба ҳисоб меравад. Барои мардуми тоҷик соҳибистиқлол гардидан на танҳо ба маънои ба даст овардани озодии сиёсӣ, балки оғози марҳилаи нави давлатсозӣ, эҳёи арзишҳои миллӣ, таҳкими худшиносии миллӣ ва муайян намудани роҳи мустақили хеш мебошад.
Дар зарфи 35 соли соҳибистиқлолӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳи пурпечутоби давлатсозиро тай намуда, ба натиҷаҳои назаррас ноил гардид. Бо вуҷуди ин, солҳои нахустини истиқлолият барои Тоҷикистон давраи ниҳоят ҳассос ва пур аз мушкилоти сиёсиву иҷтимоӣ ба шумор мерафт. Ноустувории сиёсӣ, буҳронҳои иқтисодӣ ва ҷанги шаҳрвандӣ ба ҳаёти ҷомеа таъсири вазнин расонида, рушди давлат ва сатҳи зиндагии мардумро ба мушкилоти ҷиддӣ рӯ ба рӯ намуд. Дар чунин шароити мураккаб ҳифзи истиқлолияти давлатӣ, барқарор намудани сохтори давлатдорӣ ва ба эътидол овардани вазъи ҷомеа вазифаи муҳимтарини давлат ба ҳисоб мерафт.
Дар чунин марҳилаи тақдирсоз, бо заҳмату талошҳои бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва сиёсати созандаву дурбинонаи ӯ, барои барқарор намудани сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва ҳифзи пояҳои давлатдории навини тоҷикон тадбирҳои муассир амалӣ гардиданд. Дар натиҷаи ин талошҳои пайгирона Тоҷикистон аз марҳилаи душвори буҳронӣ гузашта, ба роҳи сулҳу созандагӣ, эҳё ва рушди устувори иқтисодиву иҷтимоӣ қадам гузошт. Ваҳдати миллӣ ҳамчун дастоварди бузурги таърихӣ ба омили муҳими таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва пойдории давлатдории миллӣ табдил ёфта, барои фароҳам овардани фазои мусоид заминаи устувор гузошт.
Дар охири солҳои 80-уми асри гузашта (XX) дар собиқ Иттиҳоди Шуравӣ равандҳои сиёсӣ оғоз ёфтаанд, ки бо оғози демократикунонии ҷомеаи шуравӣ алоқаманд буданд. Дар воқеъ баъди барҳам хурдани Иттиҳоди Шуравӣ 9-уми сентябри соли 1991 дар Иҷлосияи Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор ва изҳорот «Дар бораи истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» қабул гардид. Ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои миллат ва халқи тоҷик воқеаи муҳимми таърихӣ гардид. Аммо, дере нагузашта бо сабабҳои муташшаниҷ гардидани вазъи сиёсии дохилии кишвар дар соли 1992 Тоҷикистон ба ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ дучор шуд. Натиҷаи ин ҳодисаи таърихӣ иқтисодиёти кишварро даҳҳо сол ба қафо бурд [8].
Истиқлолият ҳамчун таълимоти сиёсӣ барои ояндаи давлат ва хушбахтии ҳаёти халқ заминаи мусоиди ташкилию ҳуқуқиро фароҳам меорад, ки омӯзиши ҷанбаҳои назариявию амалии он ба болоравии сатҳи маърифатнокии ҷомеа таъсири мусбат мерасонад.
Дар соли 1992 бо ташаббус ва саъю кӯшиши Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Раҳмонов Эмомалӣ Шарифович, ки дар асоси қарори Иҷлосияи тақдирсози XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб гардида буд, дар муддати кутоҳ ҷанги шаҳрвандӣ қатъ гардид ва парокандагии мардуми тоҷик аз рӯйи ангезаи нажодӣ хотима дода шуд, гурезагон ба макони истиқомати таърихии худ баргаштанд, ҳокимияти конститутсионӣ барқарор гардид, пошхурии давлати тоҷикон боздошта шуд, тамомияти арзии кишвар ҳифз гардид. Идеяи сулҳ ва ризоияти миллӣ, ки Раиси Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба миён гузошта буд, аз ҷониби тамоми миллату халқиятҳои сокинони Ҷумҳурии Тоҷикистон дастгирии васеъ пайдо кард.
Бояд гуфт, ки таҳти роҳбарии Сарвари хирадманди давлат 6-уми ноябри соли 1994 дар як давраи душвори иҷтимоию сиёсӣ барои қабули Қонуни асосии кишвар – Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон раъйпурсии умумихалқӣ баргузор гардид. Нахустин бор дар ин санад Тоҷикистон ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд ва дунявӣ муаррифӣ шуда, рамзҳои давлатии кишвар муайян карда шуданд. Инчунин, бо шарофати Cарвари давлат ва дастгирии ҳамаҷонибаи кишварҳои кафил ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ 27 июни соли 1997 Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ш. Москва ба имзо расид.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар таъмини сулҳу ваҳдат дар Тоҷикистони соҳибистиқлолу соҳибихтиёр саҳми бузург доранд. Пешвои миллат дар суханрониҳои худ қайд мекунанд, ки “ҳамаи ин комёбиҳо ба шарофати заҳмат ва ормонҳои мардуми тоҷик, ки аз сиёсати роҳбарияти давлат ва ҳукумати кишвар пуштибонӣ мекунанд, ба даст омадааст”.
Яъне Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар роҳи ба эътидол овардани вазъи кишвар нақши муҳимми таърихӣ бозида, роҳи оянда ва сарнавишти миллати тоҷикро муайян кард. Хизматҳои барҷастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати милли – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдории нав, эҳёи давлати миллӣ, таъмини сулҳу ваҳдат, баланд бардоштани нуфузи Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ бебаҳс аст.
Натиҷаи заҳматҳои азим ва заҳматталаби Пешвои миллат аст, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон феълан субъекти баробарҳуқуқи ҷомеаи ҷаҳонӣ буда, на танҳо дар ҳаёти байналмилалӣ фаъолона иштирок менамояд, балки масъалаҳоеро пешниҳод менамояд, ки аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ пуштибонӣ мегарданд. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди мардуми тоҷик муҳимтарин вазифаҳои стратегиро мураттаб гузоштаанд.
Аз ҷумла, беҳтар намудани зисту зиндагии аҳолӣ, сол то сол баланд бардоштани музди меҳнат, таъмини амнияти энергетикӣ, раҳоӣ аз бунбасти нақлиёт ва коммуникатсияи кишвар, таъмини амнияти озуқаворӣ, тинҷию оромӣ, сулҳу субот дар кишвар. Ба шарофати иродаи қавии сиёсии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар даврони соҳибистиқлол аллакай бисёр комёбиҳо ба даст омадаанд. Ҳамаи дастовардҳои даврони истиқлолият бештар аз ирода, ҷасорат, суботкорӣ, устуворӣ, хирадмандӣ ва ҳисси баланди ватандӯстии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳисоб меравад.
Дар тули 35 соли Истиқлолият дар давлат ҳаҷми маҳсулоти хоҷагии қишлоқ афзуда истодааст. Тоҷикистон маҳсулоти кишоварзиро на танҳо ба бозори дохилӣ, балки ба бозорҳои кишварҳои шарик низ мерасонад. Дар Тоҷикистон корҳо оид ба беҳтар намудани инфрасохтори нақлиётӣ мутобиқи стандартҳои байналмилалӣ, азнавсозӣ ва сохтмони роҳи оҳан, шоҳроҳҳо, пулҳо, нақбҳо, иншоотҳои истиқоматии баландошёнаи замонавӣ анҷом дода шуданд ва идома дорад, ки ин ба як минтақаи транзитӣ табдил ёфтани Тоҷикистон мусоидат мекунад. Тоҷикистон имрӯз сиёсати мустақили дохилию хориҷиро пеш мебарад, манфиатҳои миллии ҷумҳуриро дар арсаи геополитикӣ ҳимоя мекунад. Дар давраи истиқлолият шумораи аҳолии кишвар зиёда аз 10 миллион нафар афзуда, сатҳу сифати зиндагии мардум ба таври назаррас беҳтар гардидааст. Айни замон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон “Солҳои рушди саноат, ҳукумати электронӣ, рақамикунонии иқтисодиёт ва инноватсия, рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ” дар сатҳи баланд идома дорад.
Истиқлоли давлатӣ таҳти роҳбарӣ ва заҳмату талошҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба як консепсияи бузурги илмӣ табдил ёфтааст, ки аҳаммияти он ба ташаккул ва инкишофи давлатдории миллӣ вобастагии амиқ дорад.
Аввалан, ба даст овардани Истиқлоли давлатӣ дар давлатдории миллӣ падидаи нодир буда, дастоварди беназири истиқлолият мебошад, ки дар масири таърихи навини кишвар ҷойгоҳи худро муайян намудааст. Зеро истиқлол маҳз барои мардуми куҳанбунёду тамаддунсози тоҷик, ки аз азал дар роҳи муваффақ шудан ба истиқлолият мубориза мебурданд, санаи фаромӯшношуданӣ ба ҳисоб меравад ва яке аз дастовардҳои сиёсии истиқлолияти давлатӣ ин ба даст овардани давлатдорӣ мебошад. Гуфтан мебояд, ки дар сатҳи давлатдорӣ як миллат ё халқ метавонад сохти ҳаёти иҷтимоӣ, низоми сиёсӣ ва шакли идоракунии давлатро нишон диҳад ва дар навбати худ низоми ҳуқуқии миллиро таъсис диҳад. Албатта, ин дастовардҳо бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон амалӣ гардидаанд.
Дуввум, Истиқлолияти давлатӣ заминаи асосиро барои соҳиби давлатдории мустақили миллӣ гардидани миллати тоҷик фароҳам овард ва он рамзи асосии дар арсаи байналмилалӣ парафшон шудани парчами давлати тоҷикон мебошад. Маҳз, бо шарофати заҳматҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Истиқлолияти давлатӣ Тоҷикистон дар созмонҳои бонуфузтарини байналмилалӣ узвияти комилҳуқуқ ва як овози баробар дорад, ҷомеаи ҷаҳонӣ кишвари моро мешиносад ва пешниҳодҳои онро дастгирӣ менамояд.
Сеюм, гуфтан ба маврид аст, ки раванди ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ дар Тоҷикистон нисбат ба дигар кишварҳо бо қурбониҳо ва душвориҳои сангин ба даст омад. Нофаҳмиҳои қишрҳои гуногуни ҷомеа ба ҷанги шаҳрвандӣ оварда расонид. Дар ин давра, бо кӯшишу заҳматҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон фарҳанги бузурги миллӣ ғалаба кард ва дар тафаккури шаҳрвандон ҳисси ягонагӣ, ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ, ба умеди шукуфоии оянда боло гирифт ва сулҳу ваҳдат дар кишвар пойдор гардид. Устувору пойдор гардидани ваҳдати миллӣ ва сулҳ яке аз масъалаҳои асосие буданд, ки истиқлолияти давлатиро таҳким бахшиданд. Маҳз барқарор гардидани сулҳу ваҳдат шароит фароҳам овард, ки муноқишаҳо ба охир расида, ҳамаи гурезаҳо ба Тоҷикистон баргардонда шуда, барои ҷомеаи амну субот дар кишвар заминаи воқеӣ муҳайё карда шавад.
Чорум, дар давраи Истиқлолияти давлатӣ маҳз бо заҳматҳои беназири Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баҳри ҳифзи забон, таърих ва фарҳанги ниёгон шароит фароҳам омад. Бояд гуфт, ки забони миллӣ ифодакунандаи таърих ва саргузашти миллат, воситаи муҳимми вуҷудияти миллати тоҷик баҳри дарки ҳувияти ӯ дар тули асрҳо ба шумор меравад. Барои ҳифзу пойдор гардидани забони давлатӣ шароити мусоид фароҳам омада, гиромидошт ва таъмини тозагии он аз тарафи ҳар як фарди бонангу номуси кишвар таъкид гардид.
Панҷум, Истиқлоли давлатӣ имкон дод, ки Тоҷикистон таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ташаккул ва инкишофи тамоми соҳаҳои иҷтимоӣ, аз ҷумла тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, меҳнат ва шуғли аҳолӣ, кор бо занон ва оила, ҷавонон, варзиш ва даҳҳо самти дигар тавассути қабули як қатор барномаю стратегияҳои давлатӣ ба натиҷаҳои назаррас ноил гардиданд. Махсусан, дар замони Истиқлоли давлатӣ рушди маориф, илм ва фарҳанг дар сиёсати давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон самти афзалиятнок эълон гардиданд.
Шашум, махсусан бо пайгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар замони соҳибистиқлолӣ заминаҳои воқеӣ барои рушди иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар шароити мусоид фароҳам омад. Бояд қайд намуд, ки амалӣ гардондан ва тақвият бахшидани раванди татбиқи чор ҳадафи стратегӣ – «баромадан аз бунбасти коммуникатсионӣ», «таъмини амнияти озуқавории кишвар», «ба даст овардани истиқлолияти энергетикӣ» ва «рушди босуръати саноатикунонии кишвар» вазифаҳои аввалиндараҷа буда, баҳри баланд бардоштани иқтисодиёт муҳим мебошад. Гуфтан ба маврид аст, ки рушди иқтисодии кишвар омили муҳим барои тақвияти ваҳдати миллӣ дар даврони истиқлолият низ мебошад. Бунёд гардидани корхонаҳои нав ва таъсиси ҷойҳои нави корӣ боиси рушди маҳалҳо ва баланд гардидани сатҳи иқтисодии кишвар мегардад.
Ҳафтум, бо шарофати ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ва Ваҳдати миллӣ, инчунин заҳматҳои беҳамтои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мардуми тоҷик бо дарки худшиносию худогоҳӣ ва дар заминаи сиёсати давлатӣ тавонист, ки беҳтарин арзишҳои миллии худро аз нав эҳё намоянд, онҳо худшиносиву худогоҳии миллиро ҳамчун мояи ифтихори миллӣ арзёбӣ намоянд. Ин боиси он гардид, ки халқи тоҷик на танҳо фарҳанги беназири давлати куҳанбунёди худро эҳё намуданд, балки онро ба талаботи давлатдории навини худ ва ба воқеияти ҷаҳони муосир мутобиқ сохта, дар арсаи байналмилалӣ ба таври шоиста муаррифӣ намуданд.
Ҳаштум, бояд гуфт, ки қабули қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аз қабили қонунҳо «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак», ки бо дастгириҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қабул гардиданд, иқдоми бузург ва роҳи башардӯстона баҳри ҳифзи вазъи иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва маънавии ҷомеа, баҳри барқарор гардидани адолати иҷтимоӣ равона гардидааст.
Нуҳум, Истиқлолияти давлатӣ шароит фароҳам овард, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон мавқеи геополитикии худро инкишоф дода, сиёсати хориҷии Тоҷикистонро рушд диҳад ва бо аксар давлатҳои минтақавӣ ва фароминтақавӣ муносибатҳои дипломатӣ, иқтисодӣ ва тиҷоратӣ барқарор намояд. Махсусан, бо пешбурди сиёсати «дарҳои кушода», ки аз соли 2003 роҳандозӣ шудааст, Ҷумҳурии Тоҷикистон муваффақ гардид, ки мавқеи худро дар сиёсати байналмилалӣ устувор созад. Маҳз бо иқдомҳои неки Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯз Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои бонуфузи минтақавӣ ва фароминтақавӣ ба монанди СММ, САҲА, Созмони Конфронси исломӣ, ЭКО, Созмони Паймони Амнияти Дастаҷамъӣ, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Ҳамкориҳои Шанхай ва ғайра гардид. Агар феълан таҳлил намоем, Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ ба сифати давлати ташаббускору пешсаф дар ҳалли мушкилоти глобалии вобаста ба обу иқлим эътироф гардидааст ва ташаббусҳои Тоҷикистон аз ҷониби ҷомеаи ҷаҳонӣ, яъне Созмони Милали Муттаҳид дастгириву ҷонибдорӣ ёфта, дар миқёси сайёра амалӣ гардида истодаанд.
Даҳум, Истиқлолияти давлатӣ ба рушди маориф, аз ҷумла бунёд ва азнавсозии муассисаҳои таҳсилотӣ зинаҳои гуногун, аз ҷумла мактабҳо, беморхонаҳо, литсейҳо, донишкадаву донишгоҳҳо дар саросари кишвар аз ҷумлаи амалӣ намудани барномаҳои маърифатноккунии ҷомеа ба шумор меравад, мусоидат намуд. Ба талаботи замона ҷавобгӯй будан ва муҳайё намудани шароити муосири таълим ва таҷҳизоту лавозимоти замонавӣ, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ ва дигар васоити техникӣ боиси тарбияи дурусти насли наврас, баланд бардоштани сатҳу сифати таҳсилот, омӯзиши илмҳои дақиқ ва забономӯзии хонандагон мегардад, ки натиҷаи он дар рӯҳияи ватандӯстиву ифтихори миллӣ ва арзишҳои милливу умумибашарӣ тарбия намудани наслҳои наврасу ҷавони ҷомеа мебошад.
Ёздаҳум, мавриди истифода қарор додани даҳҳо иншооти нави энергетикӣ, аз ҷумла мавриди баҳрабардорӣ қарор додани навбати якум ва дуюми иншооти бузурги аср – Неругоҳи барқи обии «Роғун», сохтмони ҳазорҳо километр роҳу шоҳроҳ ва пулҳо дар заминаи Истиқлоли давлатӣ рӯйи кор омаданд. Илова бар ин, бояд қайд намуд, ки маҳз бо кӯшишҳои шабонарӯзии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Тоҷикистони сепорча ба қаламрави воҳиду транзитӣ табдил дода шуд. Ҳамзамон, давлат аз бунбасти коммуникатсионӣ раҳоӣ ёфт ва ҳадафи стратегии дар ин самт эълонамудаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷро гардид.
Дувоздаҳум, Истиқлолияти давлатӣ озодии виҷдонро таъмин намуд. Бояд қайд намуд, ки рушди минбаъдаи давлатдорӣ дар Тоҷикистон як қатор масъалаҳоро дар муносибат бо дин ба амал овард ва Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва озодиҳои ҳамаи шаҳрвандонро новобаста аз ҷинс, миллат, забон ва муносибат ба дин кафолат медиҳад. Қонунҳои дар ин раванд қабулгардида бо қонунҳои байналмилалии ҳуқуқи башар ба ҳеҷ ваҷҳ мухолифат намекунанд. Ҳамин тариқ, қонунҳои мансуб ба озодии виҷдони шаҳрвандони кишвар дар асоси принсипи муайян ба низом дароварда шуданд. Ҷумҳурии Тоҷикистон давлати дунявӣ аст, ин ҳуқуқ ва озодиҳо низ дар асоси принсипи ҷудо будани ташкилотҳои динӣ аз давлат ба роҳ монда шудаанд. Дар асоси Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва қонунҳои амалкунанда, озодии виҷдони ҳар як шаҳрванд кафолат дода мешавад.
Сенздаҳум, бояд гуфт, ки дар солҳои соҳибистиқлолӣ таваҷҷуҳи хосса ба насли наврас ва ҷавон дода шуд. Чунки ин насл ояндаи миллат буда, бақои давлат ва Ватан мебошад. Аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаҳо ва консепсияҳо оид ба маърифаткунонии насли ҷавон ҳамчун насли солим ва бомаърифат қабул гардидаанд.
Хулоса, мо аз ҳадди зиёди дастовардҳои истиқлолият шумораи андаки онро изҳор доштем, ки он ҳам бисёр ба таври мушаххас тавсиф шудааст. Роҳандозиҳои барномавӣ идома дошта, таҳти сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ояндаи наздик аз ин дида бештар дастовардҳои беназирро барои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба бор хоҳад овард ва дар ин ҷода саҳми Пешвои миллат дар амалишавии ормонҳои волои истиқлолияти давлатӣ беназир аст.
Д. Халилзода,
доктори илмҳои таърих, профессор,
мудири кафедраи таърихи умумии
ДДБ ба номи Носири Хусрав
