Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Шурои илмию методӣ баргузор гардид.
Дар ҷаласа Ҳамдамзода Хурсанд, муовини ректор оид ба таълим, роҳбарияти сохторҳои дахлдор ва аъзои Шурои илмию методии донишгоҳ иштирок намуданд.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба тасдиқи нақшаҳои корӣ, баланд бардоштани сифати таҳсилот, истифодаи усулҳои муосири таълим ва дигар масъалаҳои муҳими илмию методӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокдорон доир ба масъалаҳои рӯзнома андешаю пешниҳодҳои худро баён намуда, барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти таълимию методӣ ва баланд бардоштани сифати таҳсилот тавсияҳои мушаххас пешниҳод карданд.

