Дар факултети молиявию иқтисодӣ санаи 28-уми сентябри соли равон маҳфили илмии «Иқтисодиёти сабз»-и назди кафедраи фаъолияти бонкӣ баргузор гардид, ки дар он омӯзгорон ва аъзои маҳфил иштирок намуда, доир ба масъалаҳои муҳими иқтисодиёти ҷаҳонӣ, рушди савдои байналмилалӣ, ҳамгироии иқтисодии кишварҳо ва рушди устувор бо забони англисӣ андешаронӣ карданд.
Дар оғози маҳфил Билоли Ҳигматулло омӯзгори кафедраи фаъолияти бонкӣ дар мавзуи «Development of Trade in the World Economy» маърӯза намуда, равандҳои рушдисавдои ҷаҳонӣ, нақши савдои байналмилалӣ дар пешрафти иқтисодиёт ва омилҳоитаъсиррасон ба муносибатҳои иқтисодии кишварҳоро мавриди таҳлил қарор дод.
Ҳамчунин Раҳимбек Одинаев, донишҷӯи курси 2-юми ихтисоси иқтисодиёти ҷаҳонӣ дар мавзуи «International Economic Integration» баромад карда, мафҳум, марҳилаҳои ташаккулва аҳамияти ҳамгироии иқтисодии байналмилалиро шарҳ дод.

