Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Шурои олимон баргузор гардид.
Дар кори ҷаласа раиси Шурои олимон, ректори донишгоҳ Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, инчунин аъзои Шуро иштирок намуданд.
Дар оғози ҷаласа рӯзномаи Шурои олимон мавриди баррасӣ қарор гирифт. Аз ҷумла, масъалаи ҷамъбасти натиҷаи таҷрибаҳои таълимию истеҳсолии донишҷӯён, шуъбаҳои рӯзона ва фосилавӣ дар нимсолаи дуюми соли таҳсили 2025–2026 баррасӣ гардид.
Ҳамчунин, ҳисоботи котиби масъули Комиссияи қабул оид ба қабули донишҷӯён ба донишгоҳ дар соли таҳсили 2026–2027 шунида шуд.
Дар идомаи ҷаласа масъалаҳои ҷорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифта, вобаста ба масъалаҳои рӯзнома қарорҳои дахлдор қабул гардиданд.
Раиси Шурои олимон Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат зимни ҷаласа ба масъулин ҷиҳати иҷрои саривақтии қарорҳои қабулгардида ва таҳкими фаъолияти таълимию илмии донишгоҳ дастуру супоришҳои мушаххас дод.

