Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав аз ҷониби ректори донишгоҳ, доктори илмҳои иқтисодӣ, профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, тағйироти кадрӣ сурат гирифт.
Тибқи фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ашурзода Наимҷон ба вазифаи муовини ректор оид ба илм ва инноватсияи донишгоҳ ва Сайдамирзода Баҳодур ба вазифаи муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ таъин гардиданд.
Ҳамчунин, тибқи фармоиши ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, Баҳодурзода Беҳрӯз, дотсенти кафедраи таърихи умумӣ, ба тариқи гузариш ба вазифаи иҷрокунандаи сардори Раёсати таҳсилоти донишгоҳ таъин гардид.
Зимни муаррифии кадрҳои нав Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, ректори донишгоҳ таъкид намуд, ки масъулияти вазифаҳои мазкур дар рушди фаъолияти илмӣ-инноватсионӣ, таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ ва баланд бардоштани сифати раванди таълим дар донишгоҳ муҳим мебошад.
Роҳбарияти донишгоҳ ба масъулини навтаъин дар иҷрои вазифаҳои пурмасъулият ва фаъолияти минбаъдаи онҳо баҳри рушди соҳаҳои дахлдор муваффақият орзу намуд.

