Сухани табрикотии ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ба ифтихори Рӯзи омӯзгор
Омӯзгорони гиромӣ!
Тавре ҳамагон медонем, бузургу донишманд гардидани шогирдони баркамол маҳз ба заҳмати омӯзгор иртибот дорад. Инсоне, ки аз қадру қиммати илм бохабар аст, мақому мавқеи омӯзгорро дар ҷомеа медонад ва ба заҳматҳои ӯ арҷ мегузорад.
Ҳар инсон бояд дарк намояд, ки касбу ҳунар доштан соҳиби сарвати бебаҳо будан аст. Шахси соҳибкасб дар зиндагӣ роҳи худро пайдо мекунад, мустақил мешавад, ба ҷомеа нафъ меоварад ва дар пешрафти давлат саҳм мегузорад. Миёни ҳама касбу кори гуногун омӯзгорӣ бошарафтарин касб дар ҳама давру замон ба шумор рафта, машаққати зиёдро дар тарбияи насли наврас талаб менамояд.
Набояд фаромуш кард, ки тамоми дастовардҳои мо дар ободиву пешрафти Ватани азизамон, аз ҷумла дар соҳаи маориф, ки созандаи ояндаи миллат ва давлат ба ҳисоб меравад, маҳз самараи Истиқлоли давлатӣ, сулҳу суботи комили сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ мебошанд. Имрӯз Ҳукумати мамлакат, махсусан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифро дар меҳвари сиёсати хеш қарор дода, онро омили калидии амнияти миллӣ арзёбӣ намудаанд ва дар давраи соҳибистиқлолӣ соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлатӣ беш аз 70 миллиард сомонӣ ва аз ҳисоби лоиҳаҳои сармоягузории давлатӣ бошад 10 миллиард сомонӣ маблағгузорӣ шудааст, ки ин рақамҳо далели равшани таваҷҷуҳи махсус ва ҳамешагӣ ба соҳаи маориф мебошанд.
Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №105-и шаҳри Душанбе бахшида ба Рӯзи дониш ва Дарси сулҳ 31-уми августи соли равон иброз доштанд, ки “Бо қаноатмандиву ифтихор мехоҳам иброз намоям, ки заҳмати омӯзгорон ва аҳли маорифи кишвар дар роҳи тақвияти истиқлоли давлатӣ, тарғиби ғояҳои давлатдории миллӣ, роҳнамоӣ кардани мардум ба таҳкими сулҳу ваҳдат ва таълиму тарбияи шоистаи насли даврони истиқлол бисёр назаррас ва шоистаи таҳсину қадрдонӣ мебошад”. Ҳамзамон ба имзо расидани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мақоми омӯзгор” аз ҷониби Президенти мамлакат санаи 17-уми декабри соли 2025 нишонаи таваҷҷуҳи ҷиддӣ ба пешрафти соҳаи маориф, ҳифзи эътибор ва шаъну шарафи омӯзгор мебошад.
Воқеан, ҳануз аз замонҳои хеле дур шуруъ карда бузургони илму адаб ба заҳмати устод, омӯзгор эҳтироми хоса доштанд ва дар мавриди зарурат ба ин шахсияти беназир муроҷиат мекарданд. Онҳо дар симои устоду омӯзгор шахси донишманду фозил ва равшанзамиру барнодилро медиданд, зеро муаллим омӯзандаи алфози неку таҷассумгари ростию росткорист, ки машҳуртарин бузургони рӯи оламро навиштану хондан ва гуфтору рафтори дурустро омӯхтааст.
Дар ҳақиқат, аҳли маориф дар давраи бағоят печидаву пурихтилофи таърихи давлати тоҷикон собит карданд, ки ақлу хирад, илму дониш, сабру таҳаммул ва кӯшиш барои расидан ба сулҳу субот ҷиҳати раҳоӣ аз ҳама гуна буҳрон нақши асосӣ мебозад ва роҳро барои ояндаи босаодат равшану ҳамвор месозад.
Махсусан, дар замони мо, ки марҳалаи рушду такомули бесобиқаи техникаву технологияҳо ва густариши зеҳни сунъӣ маҳсуб меёбад, соҳиби илму дониш будан, аҳаммияти зиёд пайдо кардааст. Дар чунин шароит на танҳо захираҳои табиӣ, балки инсонҳои донишманд, ҷавонони соҳибмаърифат ва кадрҳои баландихтисос ҷавобгу ба талаботи замон сарвати асосии давлатҳо ба ҳисоб мераванд.
Бинобар ин, хеле муҳим аст, ки бояд насли наврасу ҷавони мо ба омӯзиши илму дониш таваҷҷуҳи ҳамешагӣ дошта бошад, мунтазам дониш омӯзад ва ба эҷодкориву навоварӣ машғул шавад. Тавре Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид медоранд: “Мо бояд ҳамқадами замон бошем, омӯзишу истифодаи технологияҳои муосирро дар сатҳи баланд ба роҳ монем ва ҳамеша дар хотир дошта бошем, ки танҳо дар заминаи маорифи фаъолу фарогир ва пешрав метавонем дар ҷаҳони муосир ҷойгоҳи шоиста пайдо намоем”.
Бояд пайваста дар хотир дошта бошем, ки дар замони пуртазоди ҷаҳонишавӣ истиқлолу озодии кишварҳо зери хатар қарор дорад, қадру қиммати сулҳ рӯз то рӯз меафзояд ва чунин ҳолати хатарзо таъсири манфии худро ба раванди таълиму тарбия мерасонад.
Аз ин рӯ, ҷомеа аз мову шумо омӯзгорони муҳтарам боз ҳам фаъолияти бештару пурмасъулиятро тақозо менамояд, ки ҳалли ин масъалаҳо ба савияи донишу касбияти баланд, нангу номус, ҳисси миллӣ, иродаву виҷдон ва эҳсоси ватандӯстии мо алоқаманд мебошад. Маҳз омӯзгорон бо заҳмати содиқонаву самимона метавонанд имрӯзу фардои диёрро бо нури маърифат мунаввар гардонанд ва дар пешрафти давлат саҳми назаррас гузоранд.
Дар ин замина, Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷиҳати дар амал татбиқ намудани дастуру супоришҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми шароиту имкониятҳоро барои истифодаи васеи устодону донишҷӯён фароҳам овардааст, то рисолати муқаддаси омӯзгории хешро дар тарбияи шахсиятҳои ояндасози давлат иҷро намоянд. Љавобан ба ҳама ғамхориҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бояд пайваста кӯшиш намоем, ки дар замири шогирдон ваҳдату ягонагӣ, дониши баланду ахлоқи намунавӣ, муҳаббат ба Ватан-модар, дӯст доштани сарзамини муқаддасамонро тарбия намоем ва баҳри пойдории Тољикистони азиз заминаи мусоид фароҳам оварем.
Итминон дорем, ки ҳайати профессорону омӯзгорони донишгоҳ ба хотири амалӣ намудани ҳама дастуру супоришҳои Пешвои миллат сидқан дар таълиму тарбия ва тайёр намудани кадрҳои арзандаи чавобгу ба талаботи замон заҳмат мекашанд ва дар рушди соҳаи маорифи кишвар саҳм мегузоранд.
Имрӯз, ки дар остонаи иди касбии Рӯзи омӯзгор қарор дорем, аз фурсати муносиб истифода намуда, кулли устодонро ба ин муносибат самимона табрик гуфта, таманнои онро менамоям, ки Рӯзи омӯзгор барои Шумо навгониҳои тоза ба тозаро пайғом биёрад.
Рӯзи омӯзгор муборак!
