Имрӯз дар факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоотии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав вохӯрии раиси Шурои бонувони донишгоҳ бо донишҷӯдухтарони факултет баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба баланд бардоштани сатҳи донишандӯзӣ, риояи одоби донишҷӯӣ, масъулиятшиносӣ ва иштироки фаъолонаи донишҷӯдухтарон дар ҳаёти ҷамъиятии донишгоҳ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Зимни суҳбат таъкид гардид, ки донишҷӯён бояд бо истифода аз имкониятҳои фароҳамовардаи донишгоҳ ба омӯзиши илмҳои муосир, аз ҷумла технологияҳои иттилоотӣ, таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, дар корҳои илмию эҷодӣ ва чорабиниҳои фарҳангиву ҷамъиятӣ фаъолона иштирок намоянд.
Ҳамчунин, масъалаи тарзи дурусти либоспӯшии донишҷӯдухтарон мавриди баррасӣ қарор гирифта, оид ба риояи меъёрҳои муқарраргардида ва фарҳанги либоспӯшӣ тавсияҳо пешниҳод карда шуданд.
Вохӯрӣ дар доираи нақшаи корҳои тарбиявӣ ва ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи масъулиятшиносӣ, фарҳанги донишҷӯӣ ва риояи талаботи дохилии донишгоҳ баргузор гардид.

