Имрӯз дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба муносибати Рӯзи омӯзгор таҳти унвони «Нақши омӯзгор дар ҳифзи фарҳанг ва забони миллӣ» мизи мудаввар доир гардид.
Нахуст, декани факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ Бурҳониддин Шодиён суханронӣ намуда, омӯзгорон ва донишҷӯёнро ба муносибати Рӯзи омӯзгор табрик намуда, иброз дошт, ки омӯзгор дар ташаккули ҷаҳонбинӣ, маърифати илмӣ ва ахлоқии насли ҷавон нақши муҳим дошта, дар ҳифзу гиромидошти забон, фарҳанг ва арзишҳои миллӣ саҳми арзанда мегузорад.
Сипас, сардори Раёсати илм ва инноватсияи донишгоҳ Нориён Фирдавс ба сухан баромада, оид ба мақому манзалати омӯзгор андешаронӣ намуд. Қайд гардид, ки омӯзгор дар баробари таълиму тарбия, барои рушди қобилияти фикрронӣ ва ҷаҳонбинии донишҷӯён замина фароҳам оварда, дар тарбияи ҷавонони соҳибмаърифат ва дорои ҳисси баланди худшиносии миллӣ нақши муассир дорад.
Ҳамзамон, дотсенти кафедраи фаъолияти гумрукӣ Мирзозода Аъзам дар мавзӯи «Муаллим сарвату сардори инсон» бо маърӯза баромад намуда, изҳор дошт, ки омӯзгор дар ҳаёти ҳар як инсон ҷойгоҳи хосса дорад. Зикр дошт, ки дониш, таҷриба ва тарбияи дуруст аз омилҳои асосии ташаккули шахсияти насли ҷавон ба ҳисоб рафта, омӯзгор дар ин раванд масъулияти муҳим дорад.
Дар идомаи мизи мудаввар атрофи мавзуи нақши омӯзгор дар ҳифзи забони давлатӣ, фарҳанги миллӣ, тарбияи ҷавонон ва баланд бардоштани сатҳи маърифати онҳо андешаронӣ сурат гирифт.
Дар охир, баромадҳои озод доир гардида, омӯзгорону донишҷӯён фикру андешаҳои худро оид ба бузургӣ ва мақому манзалати омӯзгор дар ҷомеа ибрози назар намуданд.

