Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дарси кушоди мудири кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ, номзади илмҳои химия Давлатзода Дилшод Облоқул баргузор гардид.
Дарси кушод дар гурӯҳи 109-уми ихтисоси химия аз фанни химияи ғайриорганикӣ дар шакли машғулияти маърӯзавӣ дар мавзуи «Сохти атом» доир шуд.
Зимни машғулият омӯзгор ба донишҷӯён оид ба мафҳуми атом, сохтори он, зарраҳои таркибии атом — протон, нейтрон ва электрон, инчунин хусусиятҳои онҳо маълумоти муфассал пешниҳод намуд. Дар рафти дарс масъалаҳои марбут ба сохти ядро, рақами атомӣ, рақами масса ва ҷойгиршавии электронҳо дар қабатҳои электронӣ шарҳ дода шуданд.
Мавзӯи дарс бо истифода аз усулҳои муосири таълимӣ ва мисолҳои илмӣ тавзеҳ дода шуда, донишҷӯён дар муҳокимаи масъалаҳои мавриди назар фаъолона иштирок намуданд. Ба саволҳои донишҷӯён вобаста ба мавзӯъ ҷавобҳои мушаххас дода шуда, барои мустаҳкам намудани донишҳои назариявии онҳо мисолу масъалаҳои мувофиқ пешниҳод гардиданд.
Дарси кушод бо сатҳи хуби омодагӣ ва иштироки фаъоли донишҷӯён баргузор гардида, барои баланд бардоштани сатҳи донишҳои назариявию илмии донишҷӯёни ихтисоси химия аҳамияти муҳим дошт.

