Имрӯз 3-юми октябри соли 2026 дар Кохи фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав конференсияи илмию адабӣ бахшида ба Рӯзи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони «Забон – ҳастии миллату давлат» баргузор гардид.
Чорабинӣ бо сухани ифтитоҳии Наргис Нурализода, муовини ректор оид ба тарбия оғоз намуда, таъкид кард, ки забон ҳамчун муҳимтарин рукни ҳастии миллат дар таҳкими давлатдорӣ, ҳифзи арзишҳои миллӣ ва худшиносии шаҳрвандон нақши калидӣ дорад. Махсусан, дар даврони соҳибистиқлолӣ барои рушду густариши забони давлатӣ ва баланд бардоштани мақоми он дар ҷомеа тадбирҳои муҳим амалӣ гардида истодаанд.
Сипас, дар мавзуи «Пешвои миллат ва рушди забони давлатӣ» дотсент, мудири кафедраи забони тоҷикӣ Назаров Меҳрубон суханронӣ намуда, оид ба нақши сиёсати фарҳангиву забонии давлат дар рушди забони тоҷикӣ андешаронӣ кард.
Дотсенти кафедраи рӯзноманигорӣ Маҳкамзода Дилором дар мавзуи «Васоити ахбори омма – тарғибгари забони миллӣ» сухан гуфта, нақши воситаҳои ахбори омма дар ҳифзи меъёрҳои забони адабӣ, густариши забони давлатӣ ва баланд бардоштани фарҳанги суханро мавриди баррасӣ қарор дод.
Ҳамчунин, н.и.ф., саромӯзгори кафедраи забони тоҷикӣ Раҳмонов Маҳмурод дар мавзуи «Истиқлол – омили рушди забони давлатӣ» маърӯза намуда, дастовардҳои забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолиро шарҳ дод.
Дар идомаи конференсия омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ Назаров Умед таҳти унвони «Забон – шаҳсутуни миллату давлат» суханронӣ карда, аҳамияти забонро ҳамчун омили муҳими ваҳдат, худшиносии миллӣ ва таҳкими давлатдорӣ таъкид намуд.
Қисмати адабии чорабинӣ бо қироати шеърҳо дар васфи забони тоҷикӣ аз ҷониби донишҷӯёни донишгоҳ идома ёфт. Донишҷӯён бо қироати шеърҳои ватандӯстона ва ситоиши забони модарӣ эҳтирому арҷгузории худро ба забони давлатӣ ифода намуданд.
Дар фарҷоми конференсия таъкид гардид, ки ҳифз, покизагӣ, рушд ва истифодаи дурусти забони давлатӣ вазифаи ҳар як шаҳрванди кишвар буда, эҳтиром ба забон эҳтиром ба миллат, таърих ва фарҳанги миллӣ мебошад.

