Барои тарғиби забони модарии хеш соҳибзабонон аз василаҳои гуногун истифода мебаранд. Нашри адабиёти илмӣ, бадеӣ, таҳияи филмҳои тоҷикӣ, таълими забони давлатӣ,баромадҳои оммавӣ бо забони модарӣ барои густариши забони як миллат дар арсаи байналмилалӣ омилҳои хубанд. Таъсиси матбуоти миллӣ, радио ва телевизион, сомонаҳои интернетии онҳо ин имкониятро васеътар намуда, барои муаррифии забон нақши бориз мегузоранд.
Дар таъриху фарҳанги мо,тоҷикон матбуот воситаи муассири паҳн кардани забони тоҷикӣ, худшиносиву ифтихороти миллӣ мебошад. Дар замони таъсири зиёди забонҳои арабӣ, туркиву русӣ таблиғи афкори забони миллӣ худ қаҳрамонӣ буд. Зиёиёни тоҷик, муассисони матбуоти тоҷикӣ тавонистанд мақоми забони тоҷикиро чун ифодакунандаи афкори мардум, чун ҳуқуқи маънавии таърихан соҳиби забони худ будани миллатро намо диҳанд. Саҳми Мирзо Муҳиддин ва Мирзо Сироҷ, Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, Сайидризо Ализода, Абдулқодири Шакурӣ, Садриддин Айнӣ, Абдулвоҳиди Мунзим, Асирӣ ва дигарон дар он аст, ки тавассути нашрияҳои тоҷикӣ забони модариамонро чун ҷузъи ҳувияти миллӣ муаррифӣ кардаанд. Гуфтаи устод С.Айнӣ ” қавми берӯзнома мисли одами безабон аст ” маҳз бо масъалаи забони тоҷикӣ иртибот дошт.
Ҳақиқати ин андеша дар он аст, ки имрӯз миллати тоҷик натанҳо дар дохили кишвар садҳо рӯзномаву маҷаллаҳо, радио ва телевизионҳо дорад, балки забони давлатии тоҷикӣ забони муколамаи байнидавлативу ҳамоишҳои ҷаҳонӣ шудааст.
Мавриди зикри суханони Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ҷоиз медонем, ки бо арзишдиҳии воқеъбинона таъкид намудаанд: “…воситаҳои ахбори омма оинаи пурҷилои забони миллӣ маҳсуб меёбанд”.
Силоҳи журналист забони ӯст, ки факту арқом, ҳодисаву падида ва андешаву тарғиб тавассути он баён гардида , дар радифи масъулияти касбии пешниҳоди иттилооти барои ҷомеа боманфиат рисолати ҳифзи забони миллиро ба дӯш дорад. Воситаҳои ахбори омма натанҳо забони гӯё ва овози шунавои мардум ҳастанд, балки тарбиятгар ва созмондиҳандаи афкори ҷамъият ва маънавиёти халқ мебошанд.
Дар фарҳанги рӯзноманигорӣ нигаҳдории асолати забон, покизагии он аз унсурҳои бегона вазифаи муҳим боқӣ мемонад. Эҷоди матлаби журналистӣ дар доираи Қоидаҳои имлои забони тоҷикӣ ва риояи Қонуни “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон”имрӯз ҳам барои журналистон талаботи асосӣ ба ҳисоб меравад.
Мусаллам аст, ки мардум ба гуфтору навиштори журналистон пайравӣ менамоянд. Аз ин рӯ, забони матбуот ва радиову телевизион бояд намуна бошад. Профессор Б. Камолиддинов, ки пажуҳишгари забони ВАО ва услуби публитсистианд, раванди ғанӣ гардидани хазинаи забонро дуруст муайян кардаанд: ”Ҳар калима ё истилоҳи ифодакунандаи мафҳуми нав аввал аз телевизион ё радио садо медиҳад, баъд дар саҳифаҳои рӯзномаву маҷаллаҳо пайдо мешавад ва бадин васила барои ворид шудан аз забони адабӣ ба худ роҳ меҷӯяд”. Яъне журналистон бояд на фақат забони тоҷикиро хуб донанд, балки ба тарҷумаи калимаҳои бегона, истифодаи вожаҳои иқтибосӣ бо назардошти меъёри забони адабӣ ва зарурат аҳаммият диҳанд.
Тавсияҳои забоншиносон, журналистони собиқадор доир ба тозагии забон, истифодаи дурусти калимаҳои иқтибосиву шевагӣ, оммафаҳму умумиистеъмолӣ будани калимаҳо, худдорӣ кардан аз баёни печдарпечи андеша, пургӯӣ, одоби сухану мусоҳиба, мувофиқи жанр ва мақсад таҳия кардани мавод барои журналистон муҳиманд.
Дар замони Истиқлол низоми ахбори оммаи Тоҷикистон таҳаввул ёфта, фазои иттилотии кишвар бо истифода аз технологияи рақамӣ ва зеҳни сунъӣ омода ва ирсоли иттилоот мушоҳида мегардад.Бо суръати бесобиқа рушд кардани шабакаҳои иҷтимоӣ , пешниҳоди иттилоот ва андешаҳои шахсӣ бо шеваву жаргонҳо ҳушдор медиҳад, ки маводди журналистӣ аз он тафовут дошта бошад. Бо забони оммафаҳмову баррасии воқеъбинона ва муассиру ба андеша водоркунанда таҳия шудани матлаб вижагии онро мефаҳмонад.
Дар давраи таъсири фарҳангу идеологияҳои дигар муҳофизат кардани манфиатҳои миллӣ, хосатан, забони модарӣ масъалаи мубрам аст, ки журналистон ҳам дар ин самт бояд саҳм гузоранд, зеро забони воситаҳои ахбори омма вазъи кунунии забони адабии тоҷикро инъикос менамояд.
Забон натанҳо шинохти миллат,баёни мақом , балки арҷгузорӣ ба заҳмати гузаштагон ва ба наслҳои оянда мерос гузоштани онро тақозо мекунад.
Интишор ва намоиши барномаҳои журналистӣ дар бораи таърихи забони тоҷикӣ, мақолаҳои олимони забоншинос, ашъори шоирон, фаъолияти омузгорони забони давлатӣ, чорабиниҳо доир ба забони модарӣ, озмунҳои эҷодӣ, рафти маҳфилу олимпиадаҳо аз фанни забони тоҷикӣ барои тарғиби забони миллиамон мусоидат мекунанд.
Дилором Маҳкамзода,
дотсенти кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики ДДБ
