Имрӯз бо ташаббуси факултети сиёсат ва идораи давлатӣ бахшида ба рӯзи забони давлатӣ дар мавзуи «Дастовардҳо ва роҳҳои рушди забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолӣ» баргузор гардид.
Дар мизи мудаввар С. Раҷабализода, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ, Ҷаборов, мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлат, С. Субҳонзода, мудири кафедраи фалсафа, Ҷ. Раззоқзода, мудири кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муқовимат ба коррупсия, омӯзгорон ва донишҷӯён иштирок намуданд.
Сараввал С. Раҷабализода, муовини декан оид ба илм ва инноватсияи факултети сиёсат ва идораи давлатӣ оид ба посдоштан ва ҳимояи забони давлатӣ андешаронӣ намуд.
Баъдан барои рафти мизи мудаввар сухан ба мудири кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлат, дотсент Ҷаборов Д.А дода шуд, ки ба баромадкунандагон тибқи баронма сухан доданд
Тибқи барнома Ҳомидзода Ҷонибек, номзади илмҳои ҳуқуқшиносӣ, омӯзгори кафедраи ҳуқуқшиносӣ ва муқовимат ба коррупсия, дар мавзуи «Забони давлатӣ дар шароити ҷаҳонишавӣ» дода шуд, ки мавсуф вобаста ба таъсири ҷаҳонишавӣ ба забони давлатӣ суханрони намуда таҳкит ба амал оварданд, ки дар ин раванд ҳар яке аз моро мебояд зиракии сиёсиро аз даст надиҳем ва аз пайи ҳимояи забони давлатии худ бошем.
Ҳамчунин тибқи барномаи мизи мудаввар маърӯзаи Шоев Алишер, омӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатӣ, дар мавзуи «Танзими ҳуқуқии забони давлатӣ дар даврони соҳибистиқлолии кишвар» шунида шуда иштирокчиёни мизи мудаввар ба маърӯзачиён саволҳои худро пешниҳод намуданд.
Дар қисмати ҷамъбастии мизи мудаввар иштирокчиён низ андешаҳои худро вобаста ба ҳифзу ҳимоя намудан ва посу бе олоиш нигоҳдоштани забони давлатӣ байёни намуда зикр доштанд, ки забони давлатӣ ин шиносномаи миллат аст пас моро мебояд онро пос дошта эҳтиромашро ба ҷо биоварем.

