Шамсуддинниён Файзулло Маҳмадуллозода аз ҷониби Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо унвони илмии профессор дар соҳаи математика сарфароз гардонида шуд.
Ин дастоварди арзишманди илмӣ нишонаи эътирофи заҳматҳои чандинсолаи илмӣ, фаъолияти омӯзгорӣ ва саҳми арзандаи мавсуф дар рушди илми математика ба шумор меравад.
Роҳбарият ва аҳли омӯзгорону кормандони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Шамсуддинниён Файзулло Маҳмадуллозодаро ба муносибати дарёфти унвони баланди илмии профессор самимона табрик гуфта, барояш саломатии бардавом, саодати рӯзгор, комёбиҳои нави илмӣ ва дастовардҳои назаррасро дар роҳи рушди илму маорифи кишвар таманно менамоянд.

