Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҷаласаи Раёсати таҳсилоти донишгоҳ бо иштироки сардори раёсати таҳсилот Б. Баҳодурзода, муовини сардори раёсати таҳсилот Ф. Иззатуллоев, мутахассиси раёсати таҳсилот У. Самиев ва мудирони кафедраҳои донишгоҳ баргузор гардид.
Зимни ҷаласа масъалаҳои марбут ба танзими раванди таълим, бозбинии сарбориҳои таълимии омӯзгорон ва самаранок истифода намудани имкониятҳои мавҷудаи таълимӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Иштирокчиёни ҷаласа оид ба масъалаҳои баррасишуда андешаронӣ намуда, пешниҳодҳои худро ҷиҳати такмили раванди банақшагирии таълим, дуруст ба роҳ мондани тақсимоти сарбориҳои омӯзгорон ва таъмини иҷрои нақшаҳои таълимӣ иброз доштанд.
Дар фарҷоми ҷаласа ҷиҳати бартараф намудани мушкилоти ҷойдошта, ҳамоҳангсозии фаъолияти кафедраҳо бо раёсати таҳсилот ва таъмини назорати мунтазами иҷрои сарбориҳои таълимӣ таъкидҳои зарурӣ баён гардиданд.

