Дар озмоишгоҳи зоология ва ботаникаи Мавзеи таълимию таҷрибавии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо иштироки донишҷӯёни гурӯҳи 108-уми ихтисоси экология-химия баргузор гардид.
Машғулияти мазкур таҳти роҳбарии мудири кафедраи зоология, номзади илмҳои педагогӣ Т. Назаров доир шуда, ба таҳкими донишҳои назариявӣ ва рушди малакаҳои амалии донишҷӯён равона гардид.
Зимни машғулият донишҷӯён бо истифода аз имкониятҳои озмоишгоҳҳои таълимӣ донишҳои назариявии худро дар амал татбиқ намуда, бо усулҳои гузаронидани мушоҳидаҳои илмӣ ва омӯзиши ҷанбаҳои гуногуни олами ҳайвонот шинос шуданд.
Баргузории чунин машғулиятҳои озмоишӣ барои баланд бардоштани сатҳи омодагии касбии донишҷӯён, ташаккули малакаҳои таҳқиқотӣ ва пайванди донишҳои назариявӣ бо фаъолияти амалӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар доираи раванди таълим ба истифодаи имкониятҳои озмоишгоҳҳо ва мавзеъҳои таълимию таҷрибавӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд.

