Рӯзҳои 13–15 октябри соли 2026 дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии «Сайёҳии устувор ва мероси фарҳангӣ» бо ташаббуси Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон баргузор гардида истодааст.
Дар форуми мазкур ректори Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав муҳтарам Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат, инчунин муовини ректор оид ба робитаҳои байналмилалӣ ва сардори раёсати робитаҳои байналмилалӣ, иштирок доранд.
Ҳадафи асосии форум баррасии масъалаҳои рушди устувори соҳаи сайёҳӣ, ҳифз ва муаррифии мероси таърихию фарҳангӣ, густариши ҳамкориҳои байналмилалӣ ва табодули таҷрибаи пешқадам дар самти рушди сайёҳии фарҳангӣ мебошад.
Иштироки намояндагони донишгоҳ дар ин ҳамоиши байналмилалӣ барои таҳкими робитаҳои байнидонишгоҳӣ, ба роҳ мондани ҳамкориҳои судманд бо муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва созмонҳои байналмилалӣ, инчунин муайян намудани имкониятҳои нави ҳамкорӣ дар самти илму маориф ва сайёҳӣ заминаи мусоид фароҳам меорад.
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳамкориҳои байналмилалиро яке аз самтҳои муҳими фаъолияти худ арзёбӣ намуда, барои густариши робитаҳои илмӣ, таълимӣ ва фарҳангӣ бо шарикони хориҷӣ пайваста талош менамояд.
ИШТИРОКИ РОҲБАРИЯТИ ДОНИШГОҲ ДАР ФОРУМИ БАЙНАЛМИЛАЛИИ «САЙЁҲИИ УСТУВОР ВА МЕРОСИ ФАРҲАНГӢ»

