Имрӯз дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав Олимпиадаи забони русӣ таҳти унвони «Говорю на великом» бо иштироки мутахассисони варзидаи Федератсияи Россия баргузор гардида истодааст.
Дар чорабинии мазкур беш аз 70 нафар донишҷӯ аз тамоми факултетҳои донишгоҳ иштирок намуда, донишу малакаи худро дар самти забони русӣ месанҷанд.
Пас аз супоридани имтиҳон иштирокчиён бо туҳфаҳои хотиравӣ қадрдонӣ карда мешаванд.
Маврид ба зикр аст, ки Олимпиадаи мазкур дар доираи ҳамкориҳои байналмилалии донишгоҳ бо Донишгоҳи давлатии омӯзгории Алтайи Федератсияи Россия ташкил гардида, ба баланд бардоштани сатҳи забондонии донишҷӯён, рушди қобилиятҳои зеҳнӣ ва тақвияти ҳамкориҳои таълимию фарҳангӣ равона шудааст.

