Имрӯз дар факултет биологияи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи Ибрагимов Азизулло Хуршедҷонович дар мавзуи «Авлоди Quercus L. дар минтақаи Бохтар (морфология, эволютсия ва дурнамои интродуксия)», барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD), зери роҳбарии доктори илмҳои биологӣ, профессор Давлатзода Сайфиддин Хайриддин баргузор гардид.
Таҳқиқоти мазкур ба омӯзиши хусусиятҳои морфологӣ, паҳншавӣ, мутобиқшавӣ ва дурнамои интродуксияи намудҳои авлоди Quercus L. (булут) дар шароити табиию иқлимии минтақаи Бохтар бахшида шудааст.
Дар раванди таҳқиқот хусусиятҳои биологию экологии намудҳои гуногуни булут, ҳолати нашъунамо ва имкониятҳои истифодаи онҳо дар кабудизоркунӣ ва беҳдошти муҳити зист мавриди омӯзиш қарор гирифтаанд.
Пажӯҳиши мазкур дар доираи фаъолияти илмӣ-таҳқиқотии кафедраи биологияи умумии донишгоҳ анҷом дода шуда, натиҷаҳои он барои рушди корҳои интродуксионӣ, ғанӣ гардонидани гуногунии растаниҳои ороишӣ ва васеъ намудани истифодаи намудҳои мутобиқшавандаи дарахтӣ дар минтақа аҳамияти илмӣ ва амалӣ доранд.

