Дар хобгоҳи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав викторинаи илмӣ-маърифатӣ таҳти унвони «Пешвои миллат – эҳёгари Ваҳдати миллӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ декани факултети филология, номзади илмҳои филологӣ Фарзона Мусавирова, омӯзгорони кафедраи забон ва адабиёт номзади илмҳои филологӣ Зоирзода Холмурод ва номзади илмҳои филологӣ Лайламоҳи Худоиназар, инчунин омӯзгори кафедраи рӯзноманигорӣ Умед Назаров иштирок намуданд.
Зимни баргузории викторина донишҷӯён донишу маҳорати худро тавассути посух додан ба саволҳои марбут ба таърихи давлатдории тоҷикон, дастовардҳои даврони соҳибистиқлолӣ, нақши Пешвои миллат дар таҳкими сулҳу субот нишон доданд.
Ҳамзамон, барномаи фарҳангии донишҷӯён бо қироати шеър, пешниҳоди маърӯзаҳо, суруду рақс рангоранг гардида, ба чорабинӣ ҳусни тоза бахшид.
Декани факултети филология Фарзона Мусавирова зимни суханронӣ оид ба хизматҳои шоёни Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар роҳи расидан ба сулҳу субот, таҳкими ваҳдати миллӣ ва пешрафти давлату ҷомеа ибрози андеша намуд. Ӯ таъкид кард, ки баргузории чунин чорабиниҳои маърифатӣ дар тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносии миллӣ ва эҳтиром ба арзишҳои давлатдорӣ аҳаммияти муҳим дорад. Ҳамчунин, зарурати идомаи чунин иқдомҳои созанда ва фароҳам овардани имкониятҳои бештар барои иштироки донишҷӯён дар чорабиниҳои илмиву фарҳангӣ таъкид гардид.
ВИКТОРИНАИ ИЛМӢ – МАЪРИФАТӢ БАЙНИ ДОНИШҶӮЁНИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ

