6-уми ноябри соли 1994 аввалин маротиба дар таърихи давлатдории навини миллати тоҷик Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба сифати Қонуни олии кишвар бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон тариқи раъйпурсии умумихалқӣ қабул карда шуд. Ин санади муқаддасу сарнавиштсоз ифодагари азму иродаи мардум буда, роҳи минбаъдаи рушду такомули ҷомеаи моро муайян менамояд.
Имрӯз бо бовари гуфта метавонем, ки Коснтитутсияи кишвар санади асосиест, ҷиҳати бунёди ояндаи дурахшони миллати тоҷик. Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ба сифати арзишҳои олӣ эътироф карда, тамоми рукнҳои давлатро барои амалан таъмин намудани ҳифзу риояи он масъул сохтааст.
Давлати мустақил давлатеро меноманд, ки дорои рамзҳои давлатӣ, парчам, нишон, суруди миллӣ, сарҳад, артиш мебошад. Дар баробари ҳамаи ин ҳар як давлат қонуни асосӣ дорад, ки дар он ҳуқуқ ва вазифаҳои шаҳрвандонаш сабт шудаанд
Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар кишвари мо тавассути раъйпурсии умумихалқӣ нахустин Конститутсияи Тоҷикистони соҳибистиқлол, яъне бахтномаи халқамон қабул гардид. Аз ин хотир, ин рӯзи воқеан таърихӣ ҳар сол бо доир намудани чорабиниҳои сазовори ин санади сарнавиштсоз таҷлил карда мешавад. ки аз он си сол сипари гардид.
Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон санади асосии давлат маҳсуб ёфта, қувваи олии ҳуқуқӣ дорад ва асосҳои сохти сиёсӣ, ҳуқуқӣ ва иқтисодиву иҷтимоии давлатро муқаррар мекунад. Ҳамчунин, конститутсия принсипҳои ташкилёбии фаъолияти мақомоти ҳокимият ва идоракунии давлатӣ, ҳуқуқу вазифаҳои шаҳрвандон, системаи интихобиро ба тариқи қонун мустаҳкам намуда, барои қонунгузории ҷумҳурӣ заминаи ҳуқуқӣ гузоштааст.
Тӯли 32 соли фаъолияти Конститутсия имкон фароҳам омад, ки низоми мукаммали ҳуқуқиву сиёсӣ ташкил ва бахшҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеа ба таври устувор рушд ёфта, сиёсати пешгирифтаи давлату ҳукумати кишвар дар арсаи ҷаҳонӣ муаррифӣ гардад.
Мардуми тоҷик тибқи Конститутсияи кишвар худро қисми ҷудонашавандаи ҷомеаи ҷаҳон шинохта, садоқатмандии хешро ба арзишҳои ҳуқуқи башар эълон доштааст.
Саидқулзода Саиднеъматулло,
омӯзгори факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав

