Дастаи волейболи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мусобиқаи ҷумҳуриявӣ байни донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ ва миёнаи касбии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба волейбол (мардон) иштироки фаъолона намуда, натиҷаи назаррас ба даст овард.
Донишҷӯёни донишгоҳ дар рақобатҳои пуршиддат бо дастаҳои муассисаҳои таълимии кишвар маҳорати баланди варзишӣ, омодагии ҷисмонӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва рӯҳияи қавии даставиро нишон дода, дар ҷамъбасти мусобиқа сазовори ҷойи сеюм гардиданд.

