Дар ҷаласаи шурои диссертатсионии 6D.КОА-048-и назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳимояи Изатуллозода Зебонисо Рустам, докторанти кафедраи технологияи иттилоотӣ ва методикаи таълими информатикаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Асосҳои назариявӣ-методии истифодаи технологияҳои иттилоотӣ-коммуникатсионӣ дар раванди омода намудани омӯзгорони низоми таҳсилоти кредитии МТОК”, зери роҳбарии Гулова Маърифат Табаровна, номзади илмҳои физикаю математика, дотсенти кафедраи системаҳои автоматикунонидашудаи коркарди ахбор ва шабакаҳои алоқаи Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав доир шуд.
Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори фалсафа (PhD) – доктор аз рӯйи ихтисоси 6D011100 – Информатика (6D011102 – Назария ва технологияи таълими информатика (таҳсилоти касбӣ) пешбинӣ мешавад.
