Имрӯз дар факултети молиявию иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав маҳфили навбатии илмии «Иқтисодчӣ» баргузор гардид.
Зимни баргузории маҳфил омӯзгори кафедраи назарияи иқтисодӣ Н. Саъдуллоева дар мавзуи «Бозори замин – омили асосии истеҳсолот» маърӯза пешниҳод намуда, доир ба аҳаммияти замин ҳамчун яке аз омилҳои асосии истеҳсолот, нақши он дар рушди иқтисодиёт ва муносибатҳои бозорӣ андешаронӣ намуд.
Ҳамчунин, донишҷӯ Ш. Умаров дар мавзуи «Бекорӣ ва сабабҳои он» баромад карда, сабабҳои пайдоиши бекорӣ, таъсири он ба вазъи иҷтимоию иқтисодии ҷомеа ва роҳҳои коҳиш додани ин мушкилотро шарҳ дод.

