Дар кафедраи САКА ва шабакаҳои алоқа маҳфили «Барномасозӣ», зери роҳбарии Муҳаммадазизи Мирзо бо иштироки аъзоёни кафедра баргузор шуд.
Дар маҳфил донишҷӯи курси сеюми ихтисоси информатика-математика Тиллоев Ҷамолиддин дар мавзуи «Асосҳои алгоритмсозӣ ва нақши алгоритм дар барномасозӣ» маърӯза намуд.
Пас аз маърӯза донишҷӯёни курси чоруми ихтисоси системаҳои автоматикунонидашуда низ бо барномаҳои таҳиянамудаи худ баромад намуданд. Аз ҷумла, Алимаҳмадов Маҳмасолеҳ барномаҳои дар забони барномасозии Python таҳиянамудаашро муаррифӣ карда Ҷӯраев Ҳайдар бошад, барномаи сохтаи худро дар муҳити Visual Basic ба ҳозирин пешниҳод намуданд.

