РАСУЛЗОДА КОМРОН БАХТИЁР
Расулзода Комрон Бахтиёр, 13-уми октябри соли 1993 дар деҳаи “Баҳористон”- и Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ таваллуд шудааст. Соли 2000-ум ба синфи якум, ба мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №32-и ноҳияи А. Ҷомӣ дохил гардид.
Пас аз хатми мактаби мазкур соли 2011-ум шомили шуъбаи рӯзноманигории Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуда, соли 2015-ум онро хатм намудааст.
Соли 2017-ум дорои дипломи дараҷаи магистри илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар номи Носири Хусрав гардидааст.
Аз соли 2014 дар нашрияи вилоятии «Хатлон» ҳамчун хабарнигор ва аз моҳи сентябри соли 2015 то 2019-ум ба ҳайси мудири шуъбаи ахбор ва омӯзиши афкори омма фаъолият намудааст. Ҳамчунин, аз соли 2015-ум то моҳи майи соли 2025-ум масъули сомонаи www.khatlon-ruznoma.tj, муаллифи беш аз сад мақолаи публитсистӣ мебошад.
Дар ин баробар аз 1-уми феврали соли 2019-ум то 12-уми августи соли 2020 омӯзгори кафедраи рӯзноманигории факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав шуда фаъолият дорад.
Ба тариқи гузариш аз 12-уми августи соли 2020 то ба ҳол вазифаи сардори бахши Маркази таҳлилӣ-иттилоотии ДДБ ба номи Носири Хусрав фаъолият менамояд.
Соли 2014-ум ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Ғолиби ҷойи аввал дар озмуни ҷумҳуриявии «Рӯзноманигорони ҷавон» дар бахши чандрасонаӣ (сомона) соли 2015.
Ҳамчунин аз тарафи Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят “Беҳтарин хабарнигори ҷавон дар соли 2015» эълон шудааст.
– “Беҳтарин котиби матбуотӣ” дар озмуни “Нерӯи сухан” (2022).
– Ҳаммуаллифи маҷмӯаи «Навниҳолони боғи сухан» (2015) мебошам.
– Аълочии матбуоти Ҷумҳурии Тоҷикистон (таҳти рақами 24, У аз 07.03. 2018).
– Аълочии телевизион ва радиои Тоҷикистон (таҳти рақам 14/017, аз 6.09.2023).
Нишонӣ: Ҷумҳурии Тоҷикистон, ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ, Ҷамоати деҳоти ба номи Қадриддин Ғиёсови деҳаи Баҳористон.
Вазъи иҷтимоӣ: оиладор, соҳиби 3 фарзанд.
Нишонии e-mail: komronjon.tj@mail.ru.
Тел.: +992 93.703.23.23.