ИМОМАЛИЗОДА Баҳодур Бобомурод
* Аз 15-уми сентябри соли 2025 то ҳол ба ҳайси иҷрокунандаи декани факултети факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад
*Соли таваллуд 09 феврали соли 1988 *Ҷои таваллуд: ш. Қӯрғонтеппа
* Миллат тоҷик *Таҳсилот олӣ *соли 2011 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав (рӯзона) хатм кардааст *Ихтисос бухгалтер ва аудит
*Унвони илмӣ: номзади илмҳои иқтисодӣ
*Кадом забони хориҷиро медонед русӣ, англисӣ, туркӣ , узбекӣ
*Вакили Маҷлиси вакилони халқ ҳаст ё не не
*Ба мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не не
*Вазъи оилавӣ оиладор
*Суроға шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ҳоҷи Шариф хонаи 56/4
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солҳои 2017-2018- |
Омӯзгори кафедраи андоз ва низоми гумрукии факултети менеҷменти Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусрав, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети менеҷмент |
|
Солҳои 2018-2019- |
Омӯзгори кафедраи андоз ва низоми гумрукии факултети менеҷменти Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ҷонишини декан оид ба корҳои тарбиявии факултети менеҷмент ва низоми гумрук |
|
Солҳои 2019-2020 |
Омӯзгори кафедраи фаъолияти гумрукии Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2020-2023 |
Муовини декан оид ба илм ва иноватсияи факултети гумрук ва таҳлили иқтисодӣ |
|
Солҳои 2023-2024 |
Нозири шуъбаи идоракунии сифати таҳсилоти Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз сентябри соли 2024 то ҳол |
Мушовир эдвайзери шуъбаи фосилавӣ, факултети менеҷмент ва идораи сайёҳии Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз 15.09.2025 то ҳол |
Декани факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилооти Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
ФАКУЛТЕТИ ТЕХНОЛОГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ
Таъсиси факултети мазкур дар Муассисаи давлатии таълимии “Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” бо мақсади беҳтар кардани сифати таълим ва тарбияи мутахассисони рақобатпазир дар соҳаи информатика сурат гирифтааст.
Барномаи факултет барои тадриҷан ворид шудан ба фазои ягонаи таҳсилоти ҷаҳонӣ, амалӣ кардани системаи кредитии таҳсилот ва истифодаи усулҳои муосири таълим равона шудааст.
Илова бар ин, ривоҷу равнақи корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ва тақвияти иқтидори илмии факултет аз самтҳои асосии фаъолият мебошад. Бо ин роҳ, факултет имконият фароҳам меоварад, ки донишҷӯён дар муҳити инноватсионӣ ва бонуфузи байналмилалӣ омода шаванд.
Махсус бояд зикр кард, ки барои таълим ва тадрис дар факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот 7 нафар дотсент, 9 нафар номзадҳои илм, 6 нафар саромӯзгор ва 26 нафар омӯзгорон аз фанҳои тахассусӣ ҷалб шудаанд.
Ин мутахассисон доимо барои беҳтар намудани сифати таҳсил кӯшиш мекунанд. Натиҷаи фаъолияти самараноки онҳо равандҳои илмии факултетро то 41,3% тавсия додааст.
Факултети технологияҳои рақамӣ ва ҳифзи иттилоот дар зинаи магистратура пояи 2 ихтисос, яъне 1-08 01 01 01 – 01 Информатика ва 1-40010102 Системаҳои автоматикунонидашуда, ва дар зинаи бакалавр бо 9 ихтисос, ба монанди 1-08 01 01 01-01 Информатика.
1-02 05 05 – Информатика. Математика,
1-020505 Информатика. Физика,
1-400102-04 Низом ва технологияи иттилоотӣ (дар коркард ва пешниҳоди иттилоот),
– 1-40010102 Системаҳои автоматикунонидашуда,
– 1-45010302 Шабакаҳои алоқа ва тақсимоти иттилоот,
– 1-310401-0225 Информатикаи физикавӣ,
– 1-250112 Информатикаи иқтисодӣ, ва 1-25011026 Иқтисодиёти рақамӣ фаъолият мекунад.
Ин ихтисосҳо барои омода намудани мутахассисони баландихтисос, бо дониши солим ба манзури таъмин намудани рушди илмӣ, усулҳои муҳимро дар назар доранд.
ҲАЙАТИ ОМӮЗГОРОНИ ФАКУЛТЕТИ ТЕНОЛГИЯҲОИ РАҚАМӢ ВА ҲИФЗИ ИТТИЛООТ


