Дар назди кафедраи химияи умумӣ ва ғайриорганикӣ факултети Химия маҳфили навбатии “Квант” доир шуд. Дар ҷараёни маҳфил донишҷӯён бо маърӯзаҳои илмӣ баромад намуда, оид ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи химия маълумоти ҷолибу муфид пешниҳод карданд.
Ҳамзамон, байни иштирокчиён мубодилаи афкор сурат гирифта, саволу ҷавобҳо доир ба мавзӯъҳои баррасишуда баргузор гардиданд.
Маҳфил бо мақсади баланд бардоштани донишҳои назариявӣ, рушди тафаккури илмӣ ва ҷалби донишҷӯён ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ ташкил карда шуд.

