Дустзода Мустафо Ҳафиз
*аз сентябри соли 2022 дар вазифаи сардори Маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав кор мекунад.
* Соли таваллуд 01 марти соли 1987 * Ҷои таваллуд шаҳри Кӯлоб
* Миллат тоҷик * Таҳсилот олӣ
* Соли 2005 мактаб-литсейи №1 Ба номи И. Сомонии ш. Кӯлобро хатм кардааст.
* соли 2010 Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа (ҳоло Бохтар) ба номи Носири Хусрав(рӯзона) хатм кардааст
* Ихтисос Муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ
* Унвони илмӣ номзади илмҳои иқтисодӣ
* Кадом забонҳои хориҷиро медонад русӣ, англисӣ бо луғат
* Вакили Маҷлиси вакилони халқ хаст ё не ҳа
* Бо мукофотҳои давлатӣ сарфароз гардонида шудааст ё не ҳа, аълочи маориф
* Вазъи оилавӣ оиладор соҳиби 4-фарзанд
* Суроға шаҳри Бохтар, маҳаллаи Ҳоҷи Шариф 110/2
*Телефон: 888845050, 944445050
*Кор ва фаъолияти собиқа:
|
Солҳои 2005-2010 |
Донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
|
|
Солҳои 2007-2009 |
Оператори китобхонаи электрони Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
|
|
Солҳои 2009-2014 |
Оператори маркази компютери Донишгоҳи давлатии Қӯрғонтеппа ба номи Носири Хусрав
|
|
Солҳои 2014 -2020 |
Сармутахассиси Маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Солҳои 2020-2022 |
Муҳандис-барномасози маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
|
Аз соли 2022 то ҳол |
Сардори Маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав |
Фаъолияти Маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Маркзи тестии Донишгоҳ соли 2014 дар заминаи маркази компютерии донишгоҳ таҳсис ёфта, аз соли 2022 бо бинои нав, ки дорои 5 толорҳои компютери бо 135 комётерҳо навсози шуда, бо технаалогияҳои наву замонавӣ таҷҳизонида шудааст.
Маркази тестии Донишгоҳ яке аз сохторҳои муҳими донишгоҳ ба ҳисоб рафта, фаъолияти он ба такмили низоми назорати донишандӯзии донишҷӯён, таъмини шаффофият ва объективияти раванди имтиҳонҳо, инчунин баланд бардоштани сифати таҳсилот равона гардидааст. Марказ дар ҳамкорӣ бо Раёсати донишгоҳ, деканатҳои факултетҳо, кафедраҳо ва дигар сохторҳои дахлдор фаъолияти худро дар асоси нақшаҳои тасдиқгардида ба роҳ мемонад. Яке аз самтҳои асосии фаъолияти марказ ташкил ва баргузории сессияҳои имтиҳонӣ, омода намудани шароити зарурӣ барои супоридани имтиҳонҳо, бақайдгирии донишҷӯён ва таъмини риояи талаботи муқарраргардида дар раванди имтиҳонсупорӣ мебошад. Дар ин замина, марказ ҷиҳати дар муҳлатҳои муайянгардида баргузор намудани имтиҳонҳо, истифодаи усулҳои муосири санҷиши дониш ва фароҳам овардани шароити мусоид барои донишҷӯён тадбирҳои заруриро амалӣ менамояд.
Самти дигари муҳими фаъолияти марказ таҳия, ҷамъоварӣ, таҳрир ва бақайдгирии саволҳои тестӣ аз рӯйи фанҳои таълимӣ мебошад. Бо мақсади баланд бардоштани сифати санҷиши дониш ва таъмини ягонагии маълумот, марказ махзани ягонаи саволҳои тестиро ташаккул дода, корҳои марбут ба таҳия ва такмили он, инчунин ворид намудани маълумоти заруриро ба низоми электронии донишгоҳ анҷом медиҳад. Ҳамзамон, барои ба низом даровардани маълумоти омӯзгорон, фанҳои таълимӣ ва донишҷӯён қолабҳои махсуси бақайдгирӣ омода гардида, ҷиҳати дурустӣ, пуррагӣ ва мутобиқати маълумоти воридшаванда чораҳои зарурӣ андешида мешаванд.
Дар баробари ин, марказ раванди бақайдгирии донишҷӯёнро барои иштирок дар имтиҳонҳо ба роҳ монда, ба донишҷӯёни дорои қарзҳои академӣ ва масъалаҳои марбут ба супоридани имтиҳонҳои такрорӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир менамояд. Корҳои мазкур дар ҳамкорӣ бо деканатҳои факултетҳо ва бо риояи тартиби муқарраргардидаи донишгоҳ амалӣ карда мешаванд. Истифодаи технологияҳои иттилоотию коммуникатсионӣ дар фаъолияти марказ барои баланд бардоштани самаранокии идоракунӣ, кам кардани хатогиҳои техникӣ, сарфаи вақт ва таъмини дастрасии саривақтӣ ба маълумоти зарурӣ замина фароҳам меорад. Дар ин раванд, такмили низоми электронии бақайдгирӣ, назорати дурустии маълумот ва беҳтар намудани сатҳи ташкили имтиҳонҳо аз ҷумлаи вазифаҳои муҳим ба шумор мераванд.
Дар маҷмӯъ, фаъолияти Маркази тестии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба таҳкими низоми баҳодиҳии дониш, баланд бардоштани масъулияти донишҷӯёну омӯзгорон, таъмини шаффофияти имтиҳонҳо ва беҳтар намудани сифати таҳсилот равона гардидааст.
