Маркази таълимии касбомӯзии ДДБ ба номи Носири Хусрав
Маркази таълимии касбомӯзӣ бо фармоиши Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2016, №243 дар назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравташкил гардидааст. Бояд қайд кард, ки бинои нави Марказ аз ҷониби Гурӯҳи татбиқи лоиҳаи таҷдид ва идомаи сохтмони мактабҳои миёнадар доираи лоиҳаи “Барномаи саводноки барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ (VOLIP) дар Тоҷикистон” сохта ва таҷҳизонида шудааст.
Маркази мазкур рузи 25.08.2016 дар арафаи ҷашнгирии 25-солагии Истиқололияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки Сарвазири мамлакат муҳтарам Коҳир Расулзода мавриди истифода қарор дода шуд.
Дар маҷмӯъ аз давраи ташкилёби то ин давра 1713 нафар шунавандагонро ба таълим фаро гирифта, аз он ҷумла дар доираи лоиҳаҳои “Барномаи саводноки барои паст намудани сатҳи камбизоатӣ VOLIP дарТоҷикистон” 632 нафар ҷавонони аз 15-24 сола 290 нафар, занони бекасби хонашин аз 24-49 сола, 342 нафар, гранти хурди лоиҳаи “Рушди таҳсилоти олӣ” 192 нафар, гуруҳҳои шартномавӣ 364 нафар ва аз соли 2019 дар ҳамкори бо ТҶ “Бонувони Хатлон” дар доираи лоиҳаи “Тақвияти таҳсилоти касбӣ-техникӣ ва омӯзиш” курсҳои кутоҳмуддати омӯзишӣ 84 нафар аз руи барномаи шаҳодатномакунонии малакаҳои касбӣ ва валидатсия 244 нафарро аз рӯи касбҳои дӯзанда, бофанда, қолинбоф, муҳосиб бо донистани компютер, челонгар оид ба таъмири автомобил, монтёри барқӣ, кафшергари газию барқӣ, фурӯшанда-ташкилотчӣ, қаннод, ошпаз, ороишгари руи, сартарош ва дизайнери либос ба таълим фаро гирифта, соҳиби шаҳодатнома ва сертификати касб гардонида шудаанд.
Аз моҳи декабри соли 2022 то моҳи сентябри 2023 Маркази мазкур тариқи шартнома бо Ташкилоти ҷамъиятии хайриявии «Ҳунар ва шукуфоӣ» дар чорчӯби Лоиҳа оид ба кишоварзӣ ва идоракунии заминҳои кишоварзӣ дар Тоҷикистон дар доираи ташаббуси «Озуқаворӣ ба хотири оянда» ки аз ҷониби Агентии ИМА оид ба барномаҳои байналмиллалӣ (USAID) маблағгузори карда мешавад Ҷамъи маблағгузори 41000 (чилу як ҳазор) сомонӣ амалӣ гардида истодааст. Дар барномаи мазкур тибқи нақша аз рӯи касбҳои кафшергарӣ барқӣ 30-нафар мард, ошпаз 30-нафар 29 зан, барқчӣ 15-нафар мард, челонгар оид таъмири автомобил 10-нафар мард, ороишгари мӯи ва рӯи 15-нафар зан, Ҷамъ: 100 нафар ба таълим фаро гирифта шуда хатм намуда соҳиби шаҳодатнома гардиданд.
Бо мақсади таъсис додани ҷойҳои корӣ ва фарогирии аҳолӣ бо шуғл ва ба касбу ҳунаромузии ҷалб намудани шаҳрвандони аз 18-сола боло, ки касбу ҳунар надоранд ва соҳибкаасб гардонидани аҳолӣ, дар ин замина беҳтар кардани сифати таҳсилоту касбомӯзӣ дар муассисаи таълимӣ ва ба омӯзиши ихтисосу ҳунарҳои барои бозори меҳнат зарурӣ фаро гирифтани аҳолӣ аз ҷумла ҷавонон ва занону бонувон дар амал татбиқ гардида истодааст.
Дар соли хониши 2024 дар натиҷаи гузаронидани Нақша-чорабиниҳои дар байни сокинони шаҳраку, ҷамоатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти ҳудуди ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯи барномаи курсҳои кутомуддати касбомӯзи гуруҳҳои шакли таҳсилашон шартномавӣ (худамаблағгузор) аз рӯӣи касбҳои кафшергари барқӣ 15 нафар, муҳосиб бо донистани комютер 15 нафар, ҳамагӣ 30 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда соҳиб шаҳодатномаи касб гардиданд.
Дар соли хониши 2025 дар натиҷаи гузаронидани Нақша-чорабиниҳои дар байни сокинони шаҳраку, ҷамоатҳо ва муассисаҳои таҳсилоти ҳудуди ноҳия ва дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон аз рӯи барномаи шаҳодатномакунонии малакаҳои ба таври ғайрирасми ба даст ва валидатсия гуруҳҳои шакли таҳсилашон шартномавӣ (худамаблағгузор) аз рӯӣи касбҳои кафшергари барқӣ 23 нафар, муҳосиб бо донистани комютер 4 нафар, барқчӣ 14 нафар, ҳамагӣ 41 нафар ба таҳсил фаро гирифта шуда соҳиб шаҳодатномаи касб гардиданд.
