Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчун санади олии ҳуқуқӣ ва заминаи давлатдорӣ нақши барҷастаро дар таъмини субот, ваҳдати миллӣ ва рушд дорад. Ҳар сол таҷлил ва ёдоварӣ аз Конститутсия моҳияти соҳибихтиёрӣ ва демократии давлатро таъкид мекунад.
Баъди пошхӯрии Иттиҳоди Шуравӣ Тоҷикистон ба таҳияи қонунҳои нав ниёз дошт, ки муҳимтаринаш қабули Конститутсия буд. Бо роҳбарии Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Комиссияи конститутсионӣ таъсис ёфта, лоиҳаи Конститутсияи нав таҳия гардид ва 6 ноябри соли 1994 тавассути раъйпурсии умумихалқӣ қабул шуд. Ин ҳуҷҷат Тоҷикистонро ҳамчун давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва ягона эълон намуд ва дар арсаи байналмилалӣ эътироф карда шуд.
Мавқеи асосиро дар Конститутсия ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд ташкил медиҳанд, зеро риояи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд кафили давлатдории ҳуқуқбунёду демократӣ мебошад. Махсусан, пас аз тағйиру иловаҳое, ки аз 26 сентябри соли 1999 ва 22 июни соли 2003 ва 22 майи соли 2016 тариқи раъйпурсии умумихалқӣ ба Конститутсия ворид карда шудаанд, ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд бо инобати манфиати онҳо такмил дода шудаанд. Тибқи он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон «Инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯ арзиши олӣ мебошанд. Ҳаёт, қадр, номус ва дигар ҳуқуқҳои фитрии инсон дахлнопазиранд» (м.5).
Конститутсияи Тоҷикистон ба сифати Қонуни асосӣ заминаҳои ҳуқуқии давлат, дахлнопазирӣ ва якпорчагии кишвар, манфиатҳои миллӣ, ҳадафҳои сиёсати дохиливу хориҷӣ ва асосҳои иқтисодиву иҷтимоии ҷомеаи Тоҷикистонро муайян сохт.
Воқеан, Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, ин санади олии ҳуқуқӣ, аз ҷониби коршиносон ва созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ, мутахассисони Федератсияи Россия, Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва кишварҳои Аврупо баҳои баланд гирифта, яке аз панҷ конститутсияи беҳтарини давлатҳои узви Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо эътироф шудааст.
Имрӯз Тоҷикистон бо такя ба Конститутсия давлатеро сохтааст, ки дар он сулҳу субот, ваҳдати миллӣ ва рушди иҷтимоӣ таъмин мебошад. Конститутсия сарчашмаи ҳамаи қонунҳо ва санадҳои ҳуқуқӣ буда, риояи он барои ҳар шаҳрванд ҳатмӣ аст. Ин ҳуҷҷат на танҳо нишонаи соҳибихтиёрӣ, балки рамзи масъулият ва ҳамкории шаҳрвандон дар ободии Ватан мебошад.
Бояд ёдовар шуд, ки Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарчашмаи ҳама муносибатҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ буда, риояи кардани он аз тарафи шаҳрвандони кишвар ҳатмӣ арзёбӣ мегардад.
Ҷаборов Диловар,
саромӯзгори кафедраи ҳуқуқ ва идораи давлатии ДДБ

