МАТБУОТ – ОИНАИ ЗИНДАГӢ
Матбуот ва дигар воситаҳои ахбори омма дар тарбияи маънавии ҷомеа нақши бориз гузошта, инсонҳоро ба сӯи фардои дурахшон ва ояндаи нек раҳнамун месозад. Фаъолияти босамари матбуот, заҳматҳои қаламкашон, инъикоси воқеъбинонаи онҳо сабаби болоравии огоҳию худшиносӣ, маърифату ҷаҳонбинии мардум, ошкору ислоҳи камбудиҳои ҷомеа ва рушди давлатдорию пешравии он мегардад. Ҳамасола дар кишвар 11-уми март, ҳамчун “Рӯзи…