
Автор: saidov
ДОВТАЛАБОНИ ГИРОМӢ!
Агар Шумо Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусравро интихоб карданӣ бошед, пас чунин амалҳоро бояд анҷом бидиҳед: Ба сомонаи Маркази миллии тестии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон www.htc.ti ворид шуда, рамзи донишгоҳро, ки 112 мебошад, интихоб намоед; Ихтисосҳои донишгоҳ дар панҷ гурӯҳи ихтисосҳо (кластерҳо) ҷойгир шудаанд; Аз кластери якум 23 ихтисос, аз кластери…
МАХЗАНИ ИЛМУ ХИРАД
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав яке аз муассисаҳои бонуфузи илмию таълимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон ба ҳисоб рафта, дар рушду такомули соҳаи илму маориф, баланд бардоштани худшиносии миллӣ, ифтихори ватандорӣ ва тарбияву омода намудани мутахассисони баландихтисос нақши муҳим дорад. Неруи азими зеҳние, ки дар донишгоҳ фаъолият менамояд, то имрӯз барои ҷумҳурӣ…
БАРРАСИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА НИЗОМУ ТАРТИБИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР ҶАЛАСАИ РАЁСАТ
Дар толори бинои асосии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав санаи 1-уми апрели соли 2025 таҳти роҳбарии профессор Қурбонзода Маҳмадалӣ Раҳмат ҷаласаи кории раёсат баргузор гардид. Дар кори ҷаласа муовинони ректор оид ба таълим, илм ва инноватсия, тарбия, иқтисод, муносибатҳои байналмилалӣ, деканони факултетҳо ва сардорони шуъбаву идораҳои дахлдор иштирок доштанд. Дар ҷаласаи корӣ масъалаҳои…
Муфассал “БАРРАСИИ РАВАНДИ ТАЪЛИМУ ТАРБИЯ ВА НИЗОМУ ТАРТИБИ ҲУҶҶАТГУЗОРӢ ДАР ҶАЛАСАИ РАЁСАТ” »
Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуд
Имрӯз, 1 апрел дар вилояти Хатлон даъвати баҳории ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз ёфт. Тибқи иттилои масъулон, нақшаи даъват дар рӯзи аввал пурра иҷро гардида, ҷавонони зиёд бо ҳисси баланди ватандӯстӣ барои адои хизмати ҳарбӣ сафарбар шуданд. Бори дуюм аст, ки вилояти Хатлон дар таърихи соҳибистиқлолии кишвар тавонист нақшаи даъватро дар рӯзи…
Муфассал “Даъвати баҳорӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ дар Хатлон дар рӯзи аввал 100 фоиз иҷро шуд” »
Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон
30 март дар идомаи сафари корӣ ба шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар деҳаи Шамсободи ҷамоати деҳоти Исмоили ноҳияи Бобоҷон Ғафуров бинои Муассисаи таҳсилоти томактабии ширхоргоҳ-кӯдакистони Наврӯзро баъд аз навсозӣ мавриди истифода қарор доданд. Муассисаи таҳсилоти томактабии Наврӯз барои 300 кӯдак бо 45 ҷойи корӣ пешбинӣ гардида, дар…
Мулоқот бо 100 ятими кул ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо дар шаҳри Хуҷанд
30.03.2025 https://president.tj/event/news/50254 30 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз ифтитоҳи як қатор иншооти гуногун дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо 100 ятими кул аз шаҳру ноҳияҳои вилоят мулоқот намуданд. Мулоқоти Сарвари давлат бо нафарони бо амри тақдир аз падару модар маҳруммонда дар меҳвари таваҷҷуҳ ва пуштибонӣ қарор…
Муфассал “Мулоқот бо 100 ятими кул ва тақдими туҳфаҳо ба онҳо дар шаҳри Хуҷанд” »
Оғози сафари корӣ ба вилояти Суғд
29 март Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати иштирок дар тантанаҳои ҷашни байналмилалии Наврӯз, вохӯрии сеҷонибаи Сарони давлатҳои Тоҷикистон, Узбекистон, Қирғизистон, шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум, рафти корҳои ободонию созандагӣ, ифтитоҳи як қатор иншооти муҳим ва мулоқоту суҳбат бо сокинон ба вилояти Суғд ташриф оварданд. Дар Фурудгоҳи байналмилалии Хуҷанд Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон…
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
ПАЁМИ ШОДБОШӢ БА МУНОСИБАТИ ИДИ САИДИ ФИТР
Имрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди сайиди Фитр, ки яке аз ойинҳои муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад. Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям. Иди сайиди Фитр ҳар сол дар саросари мамлакат бо хурсандиву хушҳолии хурду бузурги мардум таҷлил мегардад, ки бозгӯи…
