
Автор: saidov
ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН – ТАҶАССУМГАРИ ҒУРУРИ МИЛЛӢ ВА ВАТАНДОРИИ МОСТ!
Таҳти раёсати Раиси Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, 24 ноябри соли 1992, Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қатори дигар масъалаҳои рӯзномаи иҷлосия масъаларо «Дар бораи Парчами давлатӣ ва Нишони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон» баррасӣ намуда буд. Доир ба моҳият ва аҳамияти қабули рамзҳои давлатӣ академик Муҳаммад Осимӣ гузориш дод, ки он дар…
Муфассал “ПАРЧАМИ ДАВЛАТИИ ТОҶИКИСТОН – ТАҶАССУМГАРИ ҒУРУРИ МИЛЛӢ ВА ВАТАНДОРИИ МОСТ!” »
ПАРЧАМ – РАМЗИ ВАТАНДОРӢ ВА ИФТИХОРИ МИЛЛӢ
“Парчами миллӣ барои мардуми тоҷик рамзи ватандорӣ, сарбаландӣ ва шуҷоату мардонагӣ буда, халқи мо аз замонҳои қадим ба он ҳамчун василаи муттаҳидкунанда арҷ мегузорад”. Эмомалӣ Раҳмон Парчами миллӣ имрӯз яке аз рукнҳои давлатдорӣ, ифтихори миллӣ ва ҳисси ватандӯстии шаҳрвандон инъикос гашта, ҳамчун рамзи аҳтиром ва арҷгузорӣ дар тамоми идораю ташкилоту муассисаҳо, майдончаҳои варзишӣ, ҳуҷраҳои корӣ…
Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»
Имрӯз дар шаҳри Душанбе маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид. Шаҳри Душанбе бо гирифтани 43 ҷой (1 Шоҳҷоиза, 10 ҷойи якум, 15 ҷойи дуюм, 17 ҷойи сеюм) сазовори ҷойи якум гардид. Сегодня, в городе Душанбе состоялась церемония награждения победителей республиканского конкурса «Мудрости зари сияние – книга». Город Душанбе,…
Муфассал “Маросими ҷоизасупорӣ ба ғолибони Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст»” »
СУХАНИ ТАБРИКОТИИ РЕКТОРИ ДОНИШГОҲИ ДАВЛАТИИ БОХТАР БА НОМИ НОСИРИ ХУСРАВ ПРОФЕССОР ҚУРБОНЗОДА МАҲМАДАЛӢ РАҲМАТ БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПАРЧАМИ ДАВЛАТӢ
Ҳамкасбон ва устодону шогирдони арҷманд! Парчами миллӣ дар кишварамон дар баробари дигар рамзҳои давлатӣ мақому мартабаи махсусеро доро буда, рамзи садоқат, дӯстиву рафоқат, фахру ҳуввият, баёнгари соҳибихтиёрии миллат ва ифтихори ҳар як фарди худшиносу ватандӯст аст. Бояд хотиррасон кард, ки қабул гардидани парчам, амнияту оромӣ, истиқрори сулҳ ва дастоварду комёбиҳои даврони истиқлол ба номи шахсияти…
Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
Аҳли Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ректори Донишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ва соҳибкории Тоҷикистон, профессор Асрорзода Убайдулло Сатторро бинобар бо унвони ифтихории профессори фахрии 2 муассисаи таҳсилоти олии касбии Ҷумҳурии Мардумии Хитой сарфароз гардидан самимона табрик мегӯянд. Ин қадршиносӣ, ки бо шукӯҳу шаҳомати хос дар Донишгоҳи сиёсат ва ҳуқуқ ва Донишгоҳи касбии Заочжунги Хитой…
Муфассал “Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав” »
ҲИМОЯИ МУВАФФАҚОНА МУБОРАК!
23 -юми ноябри соли 2024 дар Шурои диссертатсионӣ, барои дарёфти дараҷаи доктори фалсафа (Phd) – доктор аз аз рӯйи ихтисоси 6D021300 – Забоншиносӣ (6D021302 – забоншиносии муқоисавӣ – таърихӣ, қиёсӣ ва муқоисавӣ)-и назди Муассисаи давлатии таълимии ” Донишгоҳи байналмилалии забонҳои хориҷии Тоҷикистон ба номи Сотим Улуғзода” ҳимояи рисолаи номзадии Ҳамроев Қурбоназар Маҳмарасулович дар мавзуи “Таҳлили луғавӣ –…
ПАРЧАМ ҒУРУРИМИЛЛӢ ВА ИФТИХОРИ ВАТАНДОРӢ
Миллати тоҷик, ки дорои таърих ва суннатҳои хеле қадимаи давлатсозию давлатдорӣ мебошад, аз давраҳои бостонӣ соҳиби давлатҳои мутамарказ ва рамзу рукнҳои хоси онҳо буд. 24 – уми ноябр барои мардуми кишвари мо бисёр рӯзи сарнавиштсоз ва муҳим мебошад. Чун, ки маҳз дар ин рӯз дар Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо рангҳои…
БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ
Имрӯз, дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Парчами Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “Парчами Миллӣ ганҷинаи давлатдории тоҷикон” доир гардид. Дар мизи мудаввар декани факултет, дотсентон Шодиён Б.С., мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит, Зувайдуллозода Г., Холов Т., Толибов Д., Исмоилзода А., ва дигар…
Муфассал “БАРГУЗОРИИ МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМИ МИЛЛӢ” »
ТАҶЛИЛИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДОНИШГОҲ
22 – юми ноябри соли 2024 дар толори фарҳангии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав чорабинии тантанавӣ бахшида ба 32 – солагии парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти унвони “парчам – рамзи давлатдории миллӣ” доир гардид. Дар чорабинии идона муовини ректор оид ба таълим, дотсент Ҳамдамзода Хурсанд Акбар, муовини тарбия Нурализода Наргис, доктори илмҳои таърих,…
Муфассал “ТАҶЛИЛИ ЧОРАБИНИИ ТАНТАНАВӢ БАХШИДА БА РӮЗИ ПАРЧАМ ДАР ДОНИШГОҲ” »
