ДАР ВАСФИ ЗАН ВА МОДАР
Зан дар оилаи тоҷикон ҳамеша нақши муҳим дошт ва дар ҷои намоён хоҳад монд, зеро иффату зебоӣ, хоксориву маърифатнокӣ хусусияти хоси зан буда, ба зиндагии аҳли хонадон таровату покизагӣ мебахшад. Вақте ки зан худаш соҳиби маълумот аст, фарзандони он ҳам бомаърифат ва китобхон мешаванд. Хислатҳои неки модарашонро дар худ парвариш медиҳанд ва ба модарашон пайравӣ…
