БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Субҳи имрӯз омӯзгорону донишҷӯёни Донишгоҳи давлиатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар машқи пагоҳирӯзӣ иштирок карданд. Ёдовар мешавем, ки он бо мақсади таҳкими тарзи ҳаёти солим ва тарғибу ташвиқи оммавияти варзиш роҳандозӣ гардидааст.
Омӯзгор Раҷабализода Самандар, номзади илмҳои сиёсӣ, дотсенти факултети сиёсат ва идораи давлати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав дар мавзуи “Президент- ҳомии сулҳ ва Ваҳдати миллӣ” Таҳияи телевизиони “Хатлон” ДАРСИ КУШОД БА ИФТИХОРИ РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ
Шуъбаи идоракунии сифати таҳсилот ба таваҷҷуҳи ҳамаи устодони кафедраҳои факултетҳои ДДБ ба номи Носири Хусрав мерасонад, ки санаи 16.11.2026, басти якум дар факултети химия синфхонаи №18 соати 8:55 дарси кушоди декани факултети химия н.и.х., дотсент Ятимов Парвиз Мадаминович дар гурӯҳи 210 ихтисоси экология-химия аз фанни химияи таҳлилӣ (маърӯзавӣ) дар мавзуи «Асосҳои таҳлили сифатӣ» баргузор мегардад….
Тибқи нақшаи чорабиниҳои Раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо мақсади беҳдошти фазои экологӣ ва ба роҳ мондани корҳои ободонӣ шанбегӣ гузаронида шуд. Дар шанбегӣ омӯзгорони факултетҳо ва кормандони ёрирасони донишгоҳ фаъолона иштирок намуданд ва бо тозаю озода намудани синфхонаҳо, роҳравҳоро рубучин, бехи дарахтонро нарм, ба тартиб овардани майдонҳои варзишӣ ва тамиз кардани…
Ба ифтихори Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон 16 ноябр Таърих сарнавишти миллатҳоро дар лаҳзаҳои ҳассос месанҷад. Маҳз дар рӯзҳои душвор хиради сиёсӣ, масъулияти шаҳрвандӣ, иродаи миллӣ ва садоқат ба Ватан аҳаммияти воқеии худро нишон медиҳанд. Дар таърихи навини Тоҷикистон низ марҳилаҳое буданд, ки ояндаи давлат, тақдири мардум ва пойдории истиқлоли миллӣ ба қабули қарорҳои тақдирсоз…
Муфассал “ЭМОМАЛӢ РАҲМОН ВА МАСИРИ ТАЪРИХИИ ТАҲКИМИ ДАВЛАТДОРИИ МИЛЛӢ” »
Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав курси такмили ихтисос дар мавзуи «Русский язык в профессиональной коммуникации» барои омӯзгорони донишгоҳ бомуваффақият ба анҷом расид. Курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, такмили малакаҳои муоширати касбӣ ва рушди салоҳияти коммуникативии омӯзгорон баргузор гардид. Дар рафти машғулиятҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири омӯзиши забони…
Муфассал “30 НАФАР ОМӮЗГОРИ ДОНИШГОҲ СОҲИБИ СЕРТИФИКАТ ГАРДИДАНД” »
Бахшида ба Рӯзи Президент ва Иҷлосияи XVI- уми Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Зинатулло Исмоилзода, раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ба узвияти Иттифоқи журналистони Тоҷикистон пазируфта шуданд.
Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад. Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ…
Муфассал “МИЗИ МУДАВВАР БАХШИДА БА РӮЗИ ПРЕЗИДЕНТ ВА ИҶЛОСИЯИ ТАҚДИРСОЗ БАРГУЗОР МЕГАРДАД” »
