Дар Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав курси такмили ихтисос дар мавзуи «Русский язык в профессиональной коммуникации» барои омӯзгорони донишгоҳ бомуваффақият ба анҷом расид.
Курси мазкур бо мақсади баланд бардоштани сатҳи забондонӣ, такмили малакаҳои муоширати касбӣ ва рушди салоҳияти коммуникативии омӯзгорон баргузор гардид.
Дар рафти машғулиятҳо иштирокчиён бо усулҳои муосири омӯзиши забони русӣ, хусусиятҳои истифодаи он дар муҳити касбӣ ва роҳҳои такмили малакаҳои гуфторӣ ва хаттӣ шинос шуданд.
Дар натиҷаи ҷамъбасти курс 30 нафар омӯзгори донишгоҳ соҳиби сертификат гардида, бомуваффақият курси такмили ихтисосро хатм намуданд.
Ташкили чунин курсҳо яке аз қадамҳои муҳим дар самти баланд бардоштани сатҳи касбият, рушди захираҳои инсонӣ ва таҳкими иқтидори таълимию илмии донишгоҳ ба ҳисоб меравад.
Донишгоҳ дар оянда низ ҷиҳати фароҳам овардани имкониятҳои мусоид барои такмили ихтисос ва рушди касбии омӯзгорон тадбирҳои заруриро амалӣ хоҳад кард.

