Дар факултети гумрук ва таҳлили иқтисодии Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав мизи мудаввар бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иҷлосияи XVI Шурои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор мегардад.
Чорабинӣ бо мақсади арҷгузорӣ ба мақому манзалати Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гиромидошти нақши таърихии Иҷлосияи XVI Шурои Олӣ дар барқарорсозии сулҳу субот, таҳкими пояҳои давлатдорӣ ва тарбияи ҳисси ватандӯстиву худшиносии миллӣ доир карда мешавад.
Дар идома мудири кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит, дотсент Г. Зувайдуллозода дар мавзуи «Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нақши таърихии Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккули давлатдорӣ (солҳои 1991–2026)» баромад мекунад.
Ҳамчунин, омӯзгори кафедраи таҳлили иқтисодӣ ва аудит Н. Раҳимов дар мавзуи «Садоқат ба Президент — садоқат ба Ватан» маърӯза намуда, ба аҳаммияти садоқат ба давлату миллат, эҳтиром ба арзишҳои миллӣ ва ҳифзи дастовардҳои истиқлолият таваҷҷуҳ зоҳир менамояд.
Дар фарҷоми чорабинӣ мубодилаи афкор ва баромадҳои озоди иштирокчиён дар назар дошта шудааст.

