«ШОҲНОМА» – МУҲОФИЗИ ТАЪРИХУ ФАРҲАНГИ МИЛЛАТ
Абулқосими Фирдавсӣ яке аз чеҳраҳои намоён ва шаҳири адабиёти форс-тоҷик мебошад, ки бо асари мондагору безаволи худ – «Шоҳнома» дар таърихи адабу фарҳанги мардуми форс-тоҷик ҷойгоҳи махсусеро ишғол менамояд. Аз маълумоти адабиётшиносону таърихнависон бармеояд, ки замони таълифу таҳрири «Шоҳнома» ба давраи бисёр ҳассоси таърихи давлатдории мо, яъне замони парешонӣ ва сукути давлати абарқудрати Сомониён…
