Бояд тазаккур дод, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шароити рушди ҷомеаи муосир оид ба амали намудани масъалаҳои вобаста ба соҳаи иҷтимоӣ ба як қатор дастовардҳою мувафақиятҳои назаррас ноил гаштааст, ки ҳама ин дар навбати худ дар оянда низ метавонад асосҳои сиёсати иҷтимоии кишварро тақвият бахшида, мукамал гардонад.
Дар ин радиф, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи иҷтимоӣ, бавижа илм, маориф, тандурустӣ, фарҳанг, технологияи иттилоотию коммуникатсионӣ ва дигар соҳаҳои гуногуни ҷомеаи муосир шароитҳои муосирро фароҳам овардааст, ки ҳар як шахс метавонад илму дониш, касбу ҳунар ва дигар имкониятҳои худро дар амал татбиқ намояд Барои он ки ин масъалаҳо дар ҳаёти ҷомеа ҳаллу фасли худро ёбанд, яке аз омилҳои асосӣ ин пойдор будани ваҳдати миллӣ дар кишвар ба ҳисоб меравад.
Боиси таъкид аст, ки ба имзо расидани Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ (соли 1997) дар кишвари имконияти мусоидеро фароҳам овард, ки заминаи ташаккул ва рушди устувори ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа гузошта шуда, низоми давлатдории тоҷикон сифати тозаро касб кард.
Дар баробари ба даст омадани Истиқлолияти давлатӣ, новобаста ба ҳама мушкилоти сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ дар Тоҷикситон тарҳи ваҳдати миллӣ гузошта шуд, ки яке аз бахшҳои он рушди илму маориф, яъне омӯзиши илму дониш ва таълиму тарбияи насли ҷавон дар руҳияи инсондӯстӣ, ватандориву ватанпарастӣ, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ ва дигар арзишҳои маънавию ахлоқи миллии халқи тоҷик ба роҳ монда шуд.
Чи тавре, ки мо огоҳӣ дорем рушд ва нумуи ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷомеа дар ҳама давру замон аз сиёсати ҳукумати вақт дар соҳаи илму маориф алоқамандии ногусастани дорад. Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 3-сентябри соли 2025 дар суханронии худ ба мукносибати рӯзи Дониш ва дарси Сулҳ оид ба соҳаи маориф андешаронӣ намуда, чунин таъкид карданд: “Ҳукумати мамлакат дар фаъолияти худ рушди соҳаи маорифро пояи устувори давлатдории муосир меҳисобад. Зеро танҳо миллате, ки босавод, дорои маорифи босифат ва кадрҳои баландихтисос аст, метавонад дар арсаи ҷаҳонӣ соҳибмақом бошад. …дар давоми беш аз сӣ соли соҳибистиқлолӣ, соҳаи маориф низ рушд ёфт ба пешравиҳои назаррас ноил гардид. Муҳимтар аз ҳама, дар ин давра насли наве, ки муҳаббат ба Ватан, арҷгузорӣ ба ҳувияти миллӣ ва таваҷҷуҳ ба илму маърифат дар меҳвари шахсияташ қарор дорад, ба миён омад”.
Дар шароити рушди ҷомеаи муосири Тоҷикистон дар амал татбиқ намудани масъалаҳои соҳаҳои илму маориф яке аз самтҳои асосии сиёсати Ҳукумат ба ҳисоб рафта, тадбирҳое, ки дар давоми 10 солаи охир ба амал бароварда шудаистодаанд ба ташаккул ва рушди ин соҳаҳо пешравии назаррасеро касб карданд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаи маориф дахл карда, муносибати худро ҳамчун Сарвари давлат чунин баён менамояд: “Зеро хуб медонам, ки рушди ҳамаи соҳаҳои давлат ояндаи босаодати давлату миллат аз илму маорифи пешрафтае вобаста аст, ки заминаи мустаҳками онҳо имрӯз гузошта мешавад”.
Вобаста ба ин, дар асоси сиёсати маорифпарваронаи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кӯшишу талошҳои ҳамешагии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар давраи зиёда аз сӣ соли истиқлолияти давлатӣ, тибқи маълумоти оморӣ дар кишвар зиёда аз 400 муассисаи нави таълимӣ барои 2 млн. 280 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шуд, ки дар қиёс ба соли таҳсили 1991-1992 –юм 800 мактаб ва 1 млн. хонанда зиёд мебошад. Оид ба масъалаи маблағгузории соҳа бошад дар соли 2026 аз ҳисоби буҷети давлатӣ қариб 14 миллард сомони пешбинӣ гардидааст, кинисбат ба соли 2025-ум 25,4 фоиз ва нисбатба 10 соли қабл, яъне соли 2015-ум панҷумин баробар зиёд мебошад дар ин давра, илова ба ҳароҷот аз буҷети давлат дар соҳаи маориф 30 лоиҳаи сармоягузории давлатӣ ба маблағи беш 3,5 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, ҳоло боз 11 лоиҳаи дигар дар ҳаҷми 4,6 миллиард сомонӣ татбиқ шуда истодааст.
Бояд зикр намоем, ки Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзҳои аввали ба эътидол омадани вазъи сиёсӣ ва ба имзо расидани созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризояти миллӣ оид ба масъалаи таҳким бахшидан ва зина ба зина муҳаё намудани шароити мусоид барои фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ корҳои зиёдеро ба сомон расонида, сохтмон ва таъмири муассисаҳои илмиро роҳандозӣ намуд.
Дар ин давра, дар кишвар як қатор муассисаҳои соҳаи илм таъмир карда шуда, таҳкурсии илмию техникии онҳо барқарор карда шуданд. Ҳалли масъалаи мазкур ва муҳаё намудани шароити мусоид барои олимон, донишмандон ва пажуҳишгарони соҳа имконият фароҳам овард, ки ба корҳои илмӣ-таҳқиқотӣ машғул шуда, масъалаҳои муҳими соҳаро дар муҳлатҳои муаяншуда ҳал намоянд.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин мавзуъ андешаҳои худро чунин баён кардааст: Мушоҳида ва таҳлилҳо собит месозанд, ки сарфи назар аз мушкилот дар ин давра барои рушди босуботи илм ва маориф, ба роҳ мондани технологияҳои муосир бо истифода аз неруи илмии Ҷумҳурӣ, аз дастовардҳои олимони Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва академияҳои соҳавиву мактабҳои олӣ баҳри дар истеҳсолоти ватанӣ ҷорӣ намудани дастовардҳои олимони тоҷик корҳои муайян ба анҷом расонида шуданд”.
Вобаста ба он ки дар кишвар пайдор шудани сулҳу салоҳ ва ба ваҳдати миллӣ расидани мардуми Тоҷикистон яке аз вазифаҳои асосӣ ва муҳиме, ки дар соҳаи илм меистод ин мутобиқ намудани илму технология ба шароити муосир ва дар асоси талаботи вазъи сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоиву фарҳангӣ ва маънавиву ахлоқии ҷумҳурӣ ба роҳ мондани фаъолияти илмӣ ва техникиву технологӣ ба ҳисоб мерафт.
Як нуктаи муҳими дигарро дар ин мавзуъ бояд таъкид кард, ки қабули як қатор санадҳои меёрию ҳуқуқӣ дар соҳаи илм дар кишвар масалан, ба монанди: Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи илм ва сиёсати давлатӣ оид ба илму техника” (1998), Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон” (2002) ва ғайра барои ба танзим даровардани фаъолияти соҳаи илм дар ҷумҳури мусоидат намуданд.
Қобили зикр аст, ки Ваҳдати миллӣ яке аз омилҳои асосии ба ҳам овардан ва муттаҳид сохтани халқи тоҷик шароит ба миён овард, ки бо истифодаи арзишҳои илмӣ, фарҳангӣ ва адабие, ки аз тарафи ҷомеаи ҷаҳонӣ эътироф шуда дар кишвари мо заминаи ташаккул ва рушди ҷомеаи шаҳрвандиро гузошта, бо мақсади баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум ва ояндаи дурахшони Ватани азизамон нақши бузурги худро гузошта аст.
Дар боби мавзуи ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояш чунин изҳори ақида кардаанд: “Ҳар фарди бедордили ҷомеа, ҳар як шаҳрванди бонангу номуси Тоҷикистон, ки барояш Ватан ва сарзамини аҷдоди қадру манзалат дорад, бояд сулҳу ваҳдатро чун гавҳараки чашм ҳифз карда, барои ободиву пешрафти ҷумҳурӣ ҷаҳду талош намояд”.
Дар ин радиф, зикр кардан муҳим аст, ки яке аз роҳу равиши муҳимтарини ноил шудан ва ваҳдати миллии комил масъалаи таълиму тарбияи насли оянда дар асоси осори гаронбаҳои илмӣ, адабӣ ва фарҳангии миллӣ ба ҳисоб меравад.
Дар ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо санадҳои меъёрию ҳуқуқии зиёде оид ба таълиму тарбияи миллӣ қабул карда шудааст, аз ҷумла консепсияи миллии тарбия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (2006), ки ҳамчун падидаи иҷтимоӣ, педагогӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ ба низом даровардани ҳаёти шаҳрвандо ва рушду нумуи ҷомеаи муосир нигаронида шудааст.
Тазаккур бояд дод, ки ваҳдати миллӣ дар ҷомеаи муосир шароити мусоидеро фароҳам меоварад, ки ҳамчун яке аз воситаи муҳиме ба ҳисоб меравад, ки ҳар як фардро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳанпарастӣ, ифтихори миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ тарбия намуда, ҷаҳони маънавии ӯро бою ғанӣ гардонида, ахлоқашро поку беолоиш нигоҳ медорад.
Ваҳдати миллӣ барои мардуми Тоҷикистон на танҳо рамзи оромӣ, осудагӣ, якдилӣ ва якдигарфаҳмӣ буд, балки яке аз омилҳои асосии ташаккул ба рушди худшиносӣ, худогоҳӣ, ҳувияти миллӣ ва пояндагиву устувории давлату давлатдории тоҷикон мебошад.
Ҳар сол 27-июн дар Ҷумҳурии Тоҷикистон рӯзи Ваҳдати миллиро сар то сари кишварамон ҳама хурду бузург бо як муносибати махсус ба башукуҳу шаҳомат ҷашн мегиранд. Ҷашн гирифтани ин иди муқаддас ин маънои ҳурмату эҳтиром гузоштан ба таърихи ниёгони бузурги хеш, қадрдонӣ мероси илмиву адабӣ ва фарҳангиву маънавии мутафаккирони бузурги халқи тоҷику форс, ифтихор аз дастовардҳоию комёбиҳои имрӯз ва ҳисси масъулияти баланд дар назди наслҳои оянда мебошад.
Имрӯз дар шароити рушди ҷомеаи ҷаҳони муосир бояд ҳар як шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон фаромуш насозад, ки танҳо бо ваҳдати миллӣ, худшиносиву худогоҳӣ, бунёдкориву созандагӣ ба мо муясар мегардад, ки истиқлолияти хешро ҳифз намуда, давлату давлатдории миллиро баҳри наслҳои ояндаи халқи тоҷик боқи гузорем.
Ваҳдати миллӣ барои халқи тоҷик дар ҳақиқат ҳам як дастоварди бузургтарину муқаддастарин дар таърихи навини тоҷикон ба ҳисоб меравад, ки он танҳо дар натиҷаи якдиливу якдигарфаҳмии мардуми кишвар ва азму талошҳои фарзандони фарзонаи миллат ба даст омадааст.
Имрӯз маҳз бо шарофати Ваҳдати миллӣ мо давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ ва иҷтимоиро бунёд карда истодаем. Дар чунин давлат муносибатҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ, фарҳангӣ, маънавӣ ва ахлоқӣ, тафаккур, шуур, таҳовул, фикрронӣ ва зеҳнӣ аҳамияти нав ва замонавиро ба худ касб менамоянд.
Холмуродов Фаридун,
номзади илмҳои педагогӣ, дотсент, мудири кафедраи педагогика
