Бо ташаббуси маъмурияти Литсейи назди Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ҳайати омӯзгорон ва хонандагони синфҳои 11-уми муассиса ба аёдати бошандагони Хонаи пиронсолони шаҳри Бохтар рафтанд.
Ҳадаф аз ташкили чунин иқдом арҷ гузоштан ба мақому манзалати калонсолон, расонидани таваҷҷуҳу меҳрубонӣ ба пиронсолон ва дар қалби насли наврас бедор намудани ҳисси эҳтиром нисбат ба бузургсолон мебошад.
Зимни вохӯрӣ хонандагони литсей бо бошандагони Хонаи пиронсолон суҳбат намуда, ба онҳо суханҳои самимии нек ва таманниёти саломатии бардавом расониданд. Ҳамчунин, бо мақсади болида намудани табъу рӯҳияи пиронсолон аз ҷониби хонандагони литсей барномаи кӯтоҳи фарҳангӣ пешниҳод гардид. Сурудҳо ва дигар барномаҳои омоданамудаи хонандагон ба вохӯрӣ ҳусни тоза бахшида, лаҳзаҳои хотирмонро барои иштирокдорон фароҳам оварданд.

