Равиияи динии ифротии «Салафия»-ро метавон дар ҷаҳони мусоир ба эпидемияи вабо монанд кард. Зеро мисли вируси вабо зуд паҳн мегардад ва инсонҳои ноогоҳро сироят карда, ба нобудӣ мерасонад.
Ҳамин гуна вируси вабо дар замони гузашта дар миёни одамони бесавод ва аз гигиена ноогоҳ паҳн шуда, инсонҳоро ба нестӣ мебурд.
Решаҳои «Салафия» низ ҳамчун вируси вабо дар байни ҷавонони нохондаву ноогоҳ сабз гашта, дар шакли ҳаракат ё ҷараён ташаккул ёфтаанд ва ин равия ба сифати таълимоти ифротгаро асри 20 ва ибтидои асри 21 ба як падидаи фарогири хавфнок дар саросари ҷаҳон мубаддал гардидааст.
Аслан, «Салафия» яке аз равияҳои иртиҷоӣ ва хатарноки динӣ аст. Салафиҳо иртиҷоъпарастанд, яъне ба усули пешин муътақид ва ба пешрафту дигаргунӣ мухолифанд. Онҳо дар бораи мероси ғоявӣ ва зеҳнии наслҳои аввали мусулмонон лофу газоф паҳн мекунанд ва мусулмонони дигарро даъват менамоянд, ки ба замони аввали ҷомеаи исломӣ баргарданд. Бадтар аз ин, онҳо ба касоне, ки пайрави ақидаашон нестанд, таҳқиру таҳдид ва ҳуҷум мекунанд ва ҳатто ба қатл мерасонанд. Салафиҳо мегуянд шиорашон тавҳид, яъне ваҳдату ягонагии мусулмонҳост, вале дар асл миёни аҳли ислом тафриқа ва ҷудоӣ меандозанд. Онҳо дидаву дониста, ба амалҳое даст мезананд, ки хилофи таълимоти шариат аст. Ин шаҳодати он аст, ки мақсади ниҳоии онҳо на ҳимояи асосҳои ислом, тавре худашон ҷор мезананд, балки бо роҳи зӯрӣ ба даст овардани ҳокимият ва истифодаи дин ҳамчун василаи сиёсӣ барои нигоҳ доштани ин ҳокимият аст.
Тавре аз бисёр адабиётҳо ва гузоришҳои дар ҷаҳон нашршуда бармеояд, ҳадафи тамоми муборизаву талошҳо, эҷоди ҳадисҳои нав ба нав, тафсирҳои гуногун ва ташкили равияҳои зидду нақизи динию мазҳабӣ, ки дар давоми беш аз ҳазор сол ба амал омаданд ва имрӯз низ идома доранд, ҳамин будааст – ба даст овардани таъсиру нуфузи сиёсӣ ба хотири ҷоҳу ҷалол ва молу манол.
Дар ин роҳ онҳо аз ҷиҳод ва террор истифода мебаранд. Бино ба хабарҳои расонаҳо, ки расман таъйид шудаанд, аксари террористоне, ки 20-30 соли охир дар гӯшаҳои гуногуни олам ба амалҳои террористию экстремистӣ даст зада, боиси кушта шудани садҳо нафар одамон гаштаанд, пайравони равияи салафӣ будаанд. Аз ҷумла, террористи рақами 1-и ҷаҳон, муассиси яке аз созмонҳои бузургтарини террористӣ «Ал-Қоида» Усома бен Лодан салафӣ буд.
Мо дар оғози солҳои 90-ум ин хатарро дар Тоҷикистон бо чашми худ дидем ва «дар ҷони худ эҳсос кардем». Давлати шӯравӣ пароканда гардид. Ва дар фазои пасошуравӣ халои мафкуравӣ ва дар натиҷа дарҳамбарҳамӣ ба вуҷуд омад. Сохторҳои давлатӣ фалаҷ шуданд, дар байни роҳбарон зиддияту ихтилоф сар зад. Аз ин истифода бурда, дар Тоҷикистон ғайриинтизори аксари мардум гурӯҳҳои силоҳбадаст ва тундраву бераҳм сар боло намуданд ва садо дардоданд. Мақомоти давлатӣ, аксари сиёсатмадорон, равшанфикрон ва ҳатто руҳониёни муътадили мо дар ғафлат монданд ва намефаҳмиданд, ки инҳо кистанд, аз куҷо пайдо шуданд, кӣ ба инҳо силоҳ додааст ва роҳбарӣ мекунад.
Ин гурӯҳ бо дастгирӣ аз хориҷа дар дохили кишварамон ба таври махфӣ кайҳо омодагӣ дида, пайти муносиб меҷустаанд.
Аксари онҳо ҷавонони аз илму дониш бебаҳра буданд, ҷаҳонбинии танг доштанд ва худашон намедонистанд.
Дар натиҷа, ин бесарусомонӣ ба сар задани ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон боис гардид: дар тӯли панҷ сол (1992-1997) зиёда аз 150 ҳазор нафар кушта, беш аз 1 миллион нафар сокинони кишвар гуреза шуданд ва ба иқтисоди дар он айём бе ин ҳам заифи мамлакат ба маблағи камаш 7 миллиард доллари ИМА зиёни моддӣ расид.
Албатта, имрӯз мақомоти давлатии мо, сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи қонуни кишвар чун дар аввали солҳои 90-ум бесалоҳият ва ғофил нестанд, вазъро зери назорати ҷиддӣ қарор додаанд.
Соли 2016 «Стратегияи миллии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизму терроризм барои солҳои 2016-2020» ва соли 2021 «Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025» қабул гардиданд.
Аз рӯи натиҷаҳои Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд аз 4 майи соли 2018 таҳти унвони «Муқовимат ба терроризм ва экстремизми хушунатомез» Эъломияи душанбегии СММ қабул гардид.
8-уми январи соли 2009 бо пешниҳоди Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон Суди олии мамлакат равияи динии салафияро дар қаламрави кишвар мамнуъ эълон кард.
Шурои уламои Маркази исломии Тоҷикистон соли 2015 бо судури як фатво бори дигар пайравӣ аз равияи «Салафия»-ро хилофи мазҳаби Абӯҳанифа ва шариати Ислом хонд. Муайян гардид, ки садҳо ҷавонони тоҷик, ки дар ҷангҳои Сурияву Ироқ иштирок мекарданд, маҳз бо даъвати мубаллиғини «Салафия» роҳ ба сӯи ин кишварҳоро пеш гирифтаанд.
Бо дастури Президенти ҶТ соли 2022 раванди баргардонидани шаҳрвандони Тоҷикистон аз урдугоҳҳои паноҳандагони Суриву Ироқ шуруъ шуд ва дар давоми ду сол беш аз 250 нафар бо шумули занону кудакон аз Сурия бо ҳавопаймо ба Тоҷикистон оварда шуданд.
Мубориза бо ин равияи ифротӣ бояд тадриҷан шадидтар карда шавад. Нисбат ба онҳое, ки ҳадафашон халал овардан ба ваҳдати мардум, аз байн бурдани суботу оромӣ, сохти давлатдорӣ ва ривоҷи қатлу куштор аст, ҳеҷ гуна гузашт бояд набошад.
Вақте дар бораи ифротгароии динӣ сухан меронем, бояд ба ҳама равшан бошад, ки мубориза бо ин падида вазифаи тамоми идораю муассисаҳо, тамоми ҷомеа, ҳамаи мост.
Собири Парвиз,
пажуҳишгар
