
Тарғиби ихтисосҳои донишгоҳ миёни хатмкунандагон
Имрӯзҳо як гурӯҳ омӯзгорони Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сӯҳбату вохӯрӣ гузаронида истодаанд.
ДОВТАЛАБ 2026. МАРҲАБО БА МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ!
ДОВТАЛАБ 2026. МАРҲАБО БА МАКОНИ ИЛМУ МАЪРИФАТ!
КЛАСТЕРИ 1 (ГУРӮҲИ ИХТИСОСҲОИ ТАБИӢ ВА ТЕХНИКӢ)
Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав
БОХТАРСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ НОСИРА ХУСРАВА
БОХТАРСКИЙ ГОСУДАРСТВЕННЫЙ УНИВЕРСИТЕТ ИМЕНИ НОСИРА ХУСРАВА
Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон
Имрӯз, мулоқоти маҷозии Раёсати байналмилалииДонишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав бо Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон ба номи Низомӣ баргузор гардид. Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои муҳими густариши ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла ба имзо расонидани созишномаи ҳамкорӣ, ба роҳ мондани табодули таҷрибаи омӯзгорон ва донишҷӯён, иштирок дар конфронсҳои байналмилалӣ, рушди робитаҳои академӣ ва татбиқи лоиҳаҳои…
Муфассал “Таҳкими ҳамкориҳои байналмилалӣ бо Донишгоҳи миллии омӯзгории Ӯзбекистон” »
БОРГОҲИ ИЛМУ МАЪРИФАТ
Боиси ифтихор ва сарфарозист, ки рӯзи 25 декабри соли 2025 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ ба вилояти Хатлон ба Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав ташриф оварда, бинои хобгоҳи донишҷӯёнро ифтитоҳ намуданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни боздид аз шароити хобгоҳ ба сифати корҳои сохтмонӣ, сатҳи…
ИНТИХОБИ ДУРУСТИ КАСБ – ОМИЛИ МУВАФФАҚИЯТ
Имрӯз, дар доираи нақша-чорабиниҳои раёсати Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав устодони донишгоҳ барои муаррифии ихтисосҳо ба муассисаҳои таълимии шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон сафарбар шуданд. Ҳайати омӯзгорон ҳангоми суҳбат натанҳо ихтисосҳои амалкунандаи донишгоҳ, балки дигар афзалиятҳо, аз қабили шароити таҳсил, потенсиали илмӣ ва кадрӣ, мавҷудияти тахтаҳои электронӣ, синфхонаҳо, озмоишгоҳҳои муҷаҳҳаз бо лавозимоту техникаҳои муосир,…
ДИПЛОМИ РИСОЛАИ НОМЗАДӢ МУБОРАК!
Бо фармоиши Комиссияи олии аттестатсионии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҳиматзода Ҳасан Ҳимат, унвонҷӯи кaфедpaи тaъpихи хaлқи тоҷики Донишгоҳи дaвлaтии Бохтар ба номи Носири Хусрав, ки дар мавзуи “Инъикоси вазъи сиёсӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангии Мовароуннаҳру Хуросони нимаи дуюми асри XIV ва асри XV дар “Равзату-с-сафо”-и Мирхон”, бо муваффақият дифоъ намуда буд, бapои дapёфти дapaҷaи илмии номзaди…
БАРОМАД ДАР МУАССИСАИ ПЕШБАР
Имрӯз Наимзода Қудратулло, дотсенти кафедраи адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Бохтар ба номи Носири Хусрав пешдифои диссертатсияи доктории худро дар муассисаи пешбар – Донишгоҳи давлатии Кулоб ба номи Абуабдуллоҳи Рӯдакӣ дар мавзуи “Шавкати Бухороӣ ва мақоми ӯ дар адабиёти форс – тоҷик” доир намуд. Диссертатсия барои дарёфти дараҷаи илмии доктори илмҳои филологӣ аз рӯи ихтисоси 10.01.00…
