13 уми октябр рӯзи байналмиллалии оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ
Он ҳодисаи ногаҳоние, ки зуд ё оҳиста ба амал омада ҳисороти молию ҷонӣ меорад, ҳодисаи фавқулода мебошад. Мафҳуми ин зуҳурот ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз хатар, рафъи ҳолатҳои фавқулода ва минтақаҳои дар он ба вуқуъ пайвастаро фарогир аст.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мудофиаи гражданӣ» ва «Дар бораи ҳифзи аҳолӣ ва ҳудуд аз ҳолатҳои фавқулодаи хусусияти табиӣ ва техногенӣ» аз ҷумлаи қонунҳоеанд, ки соҳаи мазкурро ба низом дароварда, Вазорати ҳолатҳои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ аз рӯи ҳамин қонунҳо ва низоми дар онҳо муайяншуда фаъолияти худро ба роҳ мемонад, ки он 28 феврали соли 2004, №6 аз ҷониби роҳбари давлат – Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон тасдиқ карда шудааст. Қонуни мазкур вазифаҳо, ҳуқуқҳои ташкил ва пешбурди мудофиаи гражданӣ дар қаламравӣ Тоҷикистон, салоҳияти мақомоти ҳокимияти давлатӣ, корхонаю ташкилотҳо, новобаста аз шакли ташкилӣ ва ҳуқуқиашон, шахсони мансабдор ва шаҳрвандон, инчунин қувва ва воситаҳои мудофиаи гражданиро дар соҳаи мудофиаи гражданӣ муайян месозад. Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи таснифи ҳолатҳои фавқулодда» аз 1 августи соли 2006 № 367 тасдиқ шудааст. Қонуни мазкур аз 9 – боб ва 30 модда иборат мебошад.
Асосҳои ташкили чорабиниҳо ҳифзи аҳолӣ аз ҳолатҳои фавқулоддаи дорои хусусиятҳои табиӣ ва техногенӣ дошта мебошанд. Дар асоси нақшаи Сардори Раёсати Кумитаи ҳолатхои фавқулода ва мудофиаи гражданӣ дар вилоятии Хатлон подполковник Исозода С.У. дар якҷоягӣ бо ректори Донишгоҳи Давлатии Бохтар ба номи Нисири Хусрав Шодиён М.С. чорабинӣ оид ба паст кардани хатари офатҳои таббиӣ гузаронида шуд.
Ҳамасола 13-уми октябр рӯзи байналмиллалӣ оид ба паст кардани хавфи офатҳои табиӣ қайд карда мешавад. Вобаста ба ин дар толори “Фарҳангии донишгоҳ” чорабинии сиёсӣ бо иштироки устодону донишҷӯён ва кормандони раёсати кумитаи ҳолатҳои фавқулода доир гардид.
Сараввал ноиби ректор оид ба таълим профессор Абдураҳимов Қ.С. суханронӣ намуд, ки паст намудани хатар танҳо дар сурате амалӣ мегардад ва бояд ҳамаи тарафҳо ба ҳолати фавқулодда фаро гирифта шуда, тайёрии зарурӣ бинанд. Дар нақшаи паст кардани хатар бояд тамоми қишри ҷомеа ширкат дошта бошанд ва оиди чӣ тавр худ ва аҳли оилаи худро ҳангоми сар задании офати табии муҳофизат карда тавонад. Омӯзиши аҳолӣ ва қобилияти фаҳмиши ҷомеа бо тарзҳои гуногун фаро гирифта мешаванд: кӯтоҳмудат- ширкатҳо бо фаъолияти гуногуни амалиёт бо истифода аз адабиётҳо, лавҳаҳо, радио, телевизион ва газетаю журнал, инчунин дарозмудат-тариқи маълумоти умумии муассисаву донишгоҳҳо.
Мақсад аз ташкил намудани чунин муҳити итилоитӣ дар донишгоҳ аз он иборат аст, ки аҳолии ҳудуд таъсири офати табииро ҳис намуда, барои пешгирӣ намудани он тайёрӣ бинанд. Ҳамчунин донишҷӯён иттилоъ пайдо мекунанд, ки дар ҳолати сар задани фалокат дар кадом мавқеъ ҷойгир шаванд.
Вобаста ба ин сардори МТМ Раёсат полковник Шарипов дар мавзӯи «Офатҳои таббиӣ, сабабҳои рух додани онҳо ва тарзу воситаҳои паст кардани хатар» баромад намуд. Ӯ таъкид дошт, ки банақшагирии паст намудани хаттарро инчунин дар якҷоягӣ бо намояндагони мақомоти давлатӣ ҳокимияти давлатӣ ҳангоми суҳбату вохӯриҳо дида баромадан фоидаовар мебошад. Дар беморхонаҳо, муассисаҳои олӣ, ташкилоту мактабҳо мунтазам омодагии ҳайати шахсӣ ба таркиш, сӯхтор ва ғайра ба мушоҳида мерасад. Ин омилҳо имкон медиҳанд, ки дониши онҳо мустаҳкам шуда, дар ҳолатҳои фавқулодда ба онҳо ёри расонад. Зери мафҳуми офат зуҳуроти табиие фаҳмида мешавад, ки дар натиҷаи сар задани он ҳолатҳои фалокатовар ба миён омада, боиси ногаҳон халалдор гаштани ҳаёти осоиштаи аҳолӣ аз байн рафтани молу мавод ва ҳалокати одамон мегардад.
Офатҳои табиӣ ва садамаҳои истеҳсоли дар аксар вақт бе маврид ва ногаҳонӣ ба амал омада ин хусусият онҳоро боз ҳам хатарнок мегардонад. Агар мо пешаки чораҳои огоҳкуниро андешида бароем, метавонем, ки офатро пешгирӣ кунем ва ё сатҳи ҳисороти воридкардаи онро то андозае кам гардонем.
Албатта зарари расонидаи офатҳои табии аз руи ҳаҷму хусусият аз ҳамдигар фарқ мекунанд. Аз ин ру барои бартараф кардани оқибатҳои онҳо низ усулҳои гуногуни ҳимояро ба кор бурда аз қувва ва воситаҳои мувофиқ истифода бурдан ба манфиати кор аст. Дар рафъи оқибатҳои офатҳои табии ва садамаҳои истеҳсолӣ қисмҳои мудофиаи гражданӣ неруҳои ғайриҳарбии мудофиаи гражданӣ, неруҳои махсуси Вазорату идораҳо ва аҳолии қобили кор ҷалб карда мешавад.
Сабабҳои асосии боқӣ мондани офатҳои табиӣ ин таъсири омилҳои антропогенӣ ба муҳити атроф ба ҳисоб меравад, ки ин омил ба тамоюли оқибатҳои хунангези табиӣ тағйир ёфтани параметрҳои биосфера, атмасфера, гирдросфера ва хушкии қабати замин: баробар тақсим нашудани иншоотҳои иқтисодӣ (хоҷагии халқ) ҷойгир намудани аҳоли дар минтақаи ба офат дучоршаванда, мавҷуд набудани системаи мониторинги муҳити атроф, суст шудани системаи давлати оид ба муоинаи ҳодисаҳои гидрометереологӣ ва геофизикӣ мебошад.

Сардори Мудофиаи граждании донишгоҳ Фозилов.М.Ш. суханронӣ намуд, ки ҳолатҳои фавқулодда -ин вазиятест, ки дар ҳудуди муайян, дар натиҷаи садамаҳо, зуҳуроти табии хатарнок, фалокатҳо, офатҳои табиӣ ва дигар офатҳо ба вуқӯъ омада, ба талафоти ҷонӣ, зарар ба сиҳатии одамон ё муҳити табии атроф, ҳисороти назарраси моддӣ ва халалдор намудани шароити зиндагию кори одамон оварда расонидааст ё оварда мерасонад.
Ба гурӯҳи ҳолатҳои фавқулоддае, ки дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон рух медиҳанд заминларза, сӯхтор, лағжиш, садама, обхезӣ, фалокатҳо дар корхонаҳои саноатӣ, кимиёвӣ, тармафароӣ ва сел дохил мешавад.
Дар бахши дуюми чорабини аз тарафи донишҷӯёни факултети филологияи тоҷик дар васфи Ватан, ободию осоиштагӣ, шеърҳо қироат гардид. Пас аз он бошад кӯдакони Кӯдакистони №4-и шаҳри Бохтар дар мавзӯҳои офатҳои табиӣ, хатар ва ҳифзи муҳит шеърҳои бачагона суруданд. Сипас аз тарафи Сардори МТМ Ҷ. Шарипов викторина оиди соҳаи ҳолатҳои фавқулодда ба донишҷӯён пешниҳод гардид. Донишҷӯён бошанд ба суолҳои додашуда ҷавобҳои мушаххас гардониданд.
Дар бахши намоиши таҷҳизотҳои наҷотдиҳӣ ва иҷрои корҳои амалӣ бошад аҳли толорро ба саҳни факултети забонҳои хориҷӣ бароварда дар он амалиётҳои наҷотдиҳӣ ҳангоми рух додани фалокатҳои таббиӣ дар биноҳои бисёрошёнаи донишгоҳ гузаронида шуд. Донишҷӯёну устодон бошанд аз ин амалиёт бархурдор шуда ёрии аввалинро омӯхтанд.
Бояд гуфт, ки дар ҷамъбасти чорабинӣ ба донишҷӯёни фаъол, ки ба суолҳо ҷавоб гардониданд аз тарафи Раёсати ҳолатҳои фавқулодда ифтихорнома ва ба кӯдакони боғча аз тарафи Раёсати донишгоҳ тӯҳфаҳои хотиравӣ супорида шуд.
Озодаи Р.«Фурӯғ»