ТУНДГАРОӢ, ИФРОТГАРОӢ, ДАҲШАТАФКАНӢ
ВА РОҲҲОИ МУБОРИЗА БО ОНҲО

Ташаккули давлати демокративу ҳуқуқбунёд, қабл аз ҳама ба сифати баланди қонунҳо вобаста аст, ки он волоияти қонунро таъмин намуда, барои ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва шаҳрванд, таҳкими амнияти давлатӣ, мубориза бар зидди ҷинояткорӣ ва экстремизм равона гардидааст.
Яке аз масъалаҳои ҷиддии замони муосир, ки хатари минтақавию байналмилалиро ба бор овардааст, суръатёбии раванди радикализм (тундгароӣ) ифротгароӣ ва даҳшатафканӣ (терроризм) ба ҳисоб меравад ва амалан дар ҳамаи қитъаҳои ҷаҳон тамоюли паҳншавиро дорад. Аксаран, ин амалҳо зери ниқоби шиорҳо ва арзишҳои динӣ бунёд ва сурат мегиранд.
Хусусиятҳои радикализм ва афзудани шумораи одамон ба ин гурўҳҳои номатлуб шомилшуда, бо роҳи ҷалби пинҳонӣ ва тадриҷан тағйир додани тафаккуру эътиқоди онҳо зери ниқоби афзалиятҳои динӣ зоҳир мегарданд. Бо назардошти он ки тағйироти афкору рафтори афроди ҷалбшаванда, тадриҷан ноаён сурат мегирад ва зери ниқоби асосҳои диние, ки ба тарзи шубҳанок тафсир мешаванд, атрофиён на ҳамеша метавонанд сари вақт нишонаҳои ташвишоварро пай баранд ва дар натиҷа фурсатеро, ки дахолат кардаанд ва дигар кардани ҳолат имкон дорад, аз даст медиҳанд. Бинобар ин, намояндагони мақомоти давлатӣ, сохторҳои динӣ, маорифу фарҳанг дар ин мавриди бояд ҷиҳати пешгирии чунин амалҳои номатлуб тадбирҳои зарурӣ андешанд, то ки он боиси вусъат пайдо намудани радикализм, ифроггароӣ ва даҳшатафканӣ дар байни ҷавонон нагардад.
Дар раванди муосири ҷаҳонишавӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон низ истисно нест. Таҳлилҳои ҷараёни имрўза ва ҳодисаҳои охир нишон дода истодааст, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар маҷмўъ ба минтақаи Осиёи Миёна, терроризм ва экстремизми байналмилалӣ таҳдид карда истодааст. Қайд намудан ба маврид аст, ки дар давраи 28-соли Истиқлолияти давлатӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон зуҳуроти террористӣ ва экстремистӣ таҳдид мекарданд, дар ин самт объекти бевоситаи гурўҳҳои гуногуни ҷиноӣ, ходимони давлатию ҷамъиятӣ, объектҳои стратегӣ ва ҳаётан муҳим буданду мемонанд.
Боиси қайд аст, ки баъди пош хўрдани Иттиҳоди Шўравӣ дар минтақа бархўрди манфиатҳо оғоз шуда, вобаста ба вазъи геополитикии худ Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳанўз ҳам ҳамчун объекти гурўҳҳои террористӣ ва экстремистӣ қарор дорад. Ва дар ин ҷо, вазъ дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон низ бетаъсир намемонад. Вақтҳои охир шаклҳои гуногуни ҷиноятҳои хавфноки трансмиллӣ, аз қабили гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, яроқ, одамрабоӣ, зархаридӣ ва ғайра ба назар мерасанд, ки дар ин гуна кирдорҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бевосита иштирок менамоянд.
Мутаассифона, имрўзҳо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар пойгоҳҳои омодагии зархаридон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Покистон ва дигар давлатҳои араб ба назар мерасанд, ки мо шоҳиди ин ҳолатҳо шуда истодаем. Ҳолатҳои мазкур аз он шаҳодат медиҳанд, ки терроризм ва экстремизм дар шароити кунунӣ ҷинояти дорои хусусияти глобалӣ буда, мубориза алайҳи он ҳамкории зич ва мутақобилаи мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва хадамоти махсусро тақозо менамояд.
Дар раванди мубориза бо ДОИШ фаромӯш набояд кард, ки шумораи муайяни ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои он меҷанганд, ки таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба ватан бармегарданд. Ин шаҳрвандони гумроҳ барои Тоҷикистони азизу маҳбуб хатари ҷиддӣ ҳастанд. Ҷавонони Тоҷикистон, ки дар сафҳои ДОИШ меҷанганд, ғояҳои ин гурӯҳҳои террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои техникии замонавӣ ҳамин таълимотро ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дустони худ талқин намоянд.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои пайвастаи хеш ҷавононро ояндаи миллат ва давлат ёдовар мешавад. Гузашта аз ин тамоми кӯшишу ғайрати худро барои муҳайёсозии шароити моддӣ ва маънавии ҷавонон ва беҳбудию мушкилоти ҷойдоштаи ин насли созандаи имрӯз ва ояндаи ҷомеа равона менамояд.
Ҳар кадоми мо солҳои охир шоҳиди ҳодисаҳое мебошем, ки баъзе доираҳои байналмилалӣ тавассути расонаҳои иттилоотӣ (алалхусус шабакаҳои интернет) бо истифодаи моҳирона аз ноогоҳиву бехабарии гурўҳҳои алоҳидаи ҷавонон равандҳои сиёсиву иҷтимоиро тағйир доданӣ мешаванд. Бинобар ин ҳам, яке аз масъалаҳои мубрами рўз зарурияти бартараф намудани рушди экстремизм аст. Аз ин рў, ба муқобили радикализм, ифротгаройӣ, терроризм ва дигар зуҳуроти номатлуби иҷтимоии замони муосир, ки барои ҷомеаи мо бегона мебошанд, мубориза бурда, барои пешгирӣ намудани онҳо чораҳои мушаххаси тарбиявӣ андешидан зарур аст.
Мутахассисон терроризмро ба намудҳои гуногун, монанди давлатӣ, фаромиллӣ, маҳаллӣ, фардӣ, нашъатерроризм, мазҳабӣ, иттилоотӣ ва фарҳангӣ тақсим мекунанд. Дар ин гуна лаҳзаҳои ҳассосу тақдирсоз ба ҳеҷ гуна зиддият нигоҳ накарда, миллат ва фарзандони барӯманди онро зарур аст, ки аз як гиребон сар барорем.
Мо, Тоҷикистониён, бояд ҳамдигарро сиёҳу сафед, муҳоҷиру таҳҷоӣ, ҷанубию шимолӣ, помирю кулобӣ, ғармию бохтарӣ нагӯем. Пеш аз ҳама тоҷик ва тоҷикистонӣ бошем, ки як идеяи фарогири миллӣ, идеяи Тоҷикистони воҳид, миллатӣ ягонаи муттаҳид, суботи сиёсиву ҷамъиятии кишвар бароямон аз ҳама арзишу манфиятҳои дигар болою воло бошад.
Ояндае, ки мо мехоҳем бисозем, ҷамъияти дорои имкониятҳои васеъ, бехатарӣ барои оилаҳоямон, сатҳи баланди зиндагӣ ва субот аст. Мо имкони таъмини ҳамаи онро дорем ва бояд якҷоя, дастаҷамъона меҳнат кунем, дӯстию ваҳдатро таҳким бахшем, оқилона ва бо мулоҳизаҳои созанда баҳс намоем.

ҲАМДАМЗОДА Х.А.,
декани факултети иқтисодии
ДДБ ба номи Носири Хусрав,
номзади илмҳои иқтисодӣ, дотсент