Экстремизм ва терроризм – офати байналмилалӣ

 

БА ҲАР КОРЕ НАХУСТ АНДЕША БОЯД

 

         Калимаҳои экстремизм» аз забони франсузии «extremizme» ва лотинии «extremuz» гирифта шуда, маъноҳояшон ифротгароӣ, тундравӣ; фикру андеша ва амалҳои тундравона; аз ҳад гузаштан, аз андоза гузаштан аст.

         Вожаи «терроризм» (аз калимаи лотинии «terror») гирифта шуда, маънояш «тарс ва ваҳм» аст. Террористон бо роҳи зўроварӣ, куштор ва тарсу ваҳм ба ҷомеаи муайян таъсир расонида, мақсаду мароми худро амалӣ сохтанӣ мешаванд, яъне террор кардан, ин мардуми як маҳал ва ё як минтақаро ба ҳолати тарсу ваҳшат ва ноумедӣ андохтан аст.   

Тибқи иттилои расонаҳои хабарӣ айни замон дар ҷаҳон беш аз 500 ташкилоти террористию экстремистӣ фаъолият менамояд.

Хавфи чунин ташкилоти террористӣ дар ҷумҳурии мо низ вуҷуд дорад. Мувофиқи маълумоти ҳафтаномаи «Ҳамрози халқ», (№20, 22 октябри соли 2019) «Дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти 17 ташкилоти террористиву экстремистӣ манъ карда шудааст. Дар ин рўйхат гурўҳҳои террористие чун «Ҳизб-ут-таҳрир», «Ал-Қоида», «Ҳаракати исломи Туркистони шарқӣ», «Ҳизби наҳзати исломии Ўзбекистон», «Толибон»-и Афғнистон, «Бародарони мусулмон»-и Миср, «Лашкари Тайиба»-и Покистон, «Ҷомеаи исломии Покистон», «Ҷамоати таблиғ», ташкилоти динӣ-миссионерии «Созмони таблиғот», «Тоҷикистони озод», «Ҷамоати ансоруллоҳ», «Салафия», «Гурўҳи 24», «Давлати исломии Ироқу Шом» (ДИИШ) ва «Ҷабҳаи-ан-нусра» шомиланд.

Бино ба иттилои нав бо ҳалномаи Суди Олиии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 15 августи соли 2019 аризаи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи иттиҳоди террористӣ-экстремистӣ эътироф намудани ташкилоти «Паймони миллии Тоҷикистон» манъ намудани фаъолияти он дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, бастани сомонаҳои интернетии ин ташкилот ва манъ кардани воридоту паҳни аудиосабтҳо, видеонаворҳо ва адабиёту варақаҳои он ба ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон қонеъ карда шуд».

Ёдовар мешавем, ки «Паймони миллии Тоҷикистон» 9 сентябри соли 2018 дар хориҷ аз кишвар бо эътилофи чор ташкилот: «Анҷумани озодандешони тоҷик», «Ҷунбиши ислоҳот ва рушди Тоҷикистон», «Ассотсиатсияи муҳоҷирони Осиёи марказӣ» ва Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон таъсис гардида буд.

Фаъолияти ташкилоти террористию экстремистӣ натанҳо дар як давлату мамлакат ба назар мерасад, балки таъсиру нуфузи онҳо ба ҳудуди минтақа ва дигар кишварҳои ҷаҳон низ расиданаш мумкин аст.

Ҳамин аст, ки дар ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна ҳам чанде аз аъзои ин гурўҳҳои тундрав маҳкум ба зиндон шудаанд. Тибқи расонаҳои хабарӣ «Додгоҳи Алмато рӯзи 5 август ҳашт тан аз айбдоршавандагони парвандаи “таблиғи терроризм” ва “ангехтаи бадбинӣ”-ро солҳои тӯлонӣ зиндонӣ кард».

Чунин шахсони ба гурўҳҳои террористӣ пайвастшуда ҳамроҳи худ зану фарзандҳояшонро низ ба кишварҳое, ки дар он ҷо муҳорибаҳои сиёсӣ мегузарад, мебаранд. Масалан, шаҳрванди Қазоқистон Аида Амонгелдӣ духтари омӯзгори собиқи забони русӣ Марат Мавлонов соли 2015 бо ҳамсар ва шаш фарзандаш аз вилояти Туркистон ба Сурия рафта, аз он ҷо ба ҳукумати Қазоқистон таҳдид карда буд. Ойгул Нишонбоева, ҳамсари Марат Мавлонов мегӯяд, писари калониаш Нурдавлат Амонгелдӣ соли 2016 ва шавҳараш соли 2017 дар ҷанг кушта шуданд.

Додгоҳи вилояти Туркистони Қазоқистон Аида Амонгелдиро, ки моҳи майи имсол дар ҷараёни амалиёти вижа аз Сурия ба зодгоҳаш баргашта ва изҳори пушаймонӣ карда буд, панҷ сол аз озодӣ маҳрум кард.

Ҳамчунин аз расонаҳои хабарӣ маълум мегардад,ки «моҳи июли соли 2018 мақомоти Кумитаи амнияти миллии Қазоқистон гуфтаанд, ки аз замони оғози ҷанг дар Ховари Миёна ҳудуди 800 шаҳрванди ин кишвар ба Сурияву Ироқ рафтаанд.

Дар ҷараёни амалиёти вижаи “Жусан” дар баҳори имсол мақомоти Қазоқистон 561 нафар, аз ҷумла 360 кӯдакро аз Сурия берун оварданд. Зидди баъзе аз онҳо парвандаи ҷиноӣ боз шудааст».

Ба ҳамин монанд баъзе шаҳрвандони ҷумҳурии мо низ бо аҳли оилаи худ ба минтақаи доғи рўз, яъне ба Сурияву Ироқ рафтаанд, ки дар натиҷа зану кўдакони онҳо дар азобу уқубат гирифтор шуда, бо сад ҳасрату пушаймонӣ ба Ватан баргаштанианд. Баъзе аз ин гуна занҳои ба Сурия рафта, пас аз амалҳои ғайриқонунии худ аз ҷониби ниҳодҳои қудратии Бағдод маҳкум ба зиндон гардидаанд. Масалан, дар Бағдод беш аз чиҳил зани тоҷик умрбод ва ё муддати тӯлонӣ зиндонӣ шудаанд.

Бо вуҷуди ин Ҳукумати Тоҷикистон талош меварзад, ки занону кўдакони кишвари худро аз минтақаҳои доғи рўз ба Ватан баргардонад.

Пештар мақомоти қудратии Тоҷикистон хабар дода буданд, ки дар паноҳгоҳҳои зери назари Созмони Милали Муттаҳид 575 зан ва кӯдаки ҷангҷӯёни тоҷики гурўҳи “Давлати исломӣ”-ро пайдо кардаанд. Бино ба гуфтаи Радиои Озодӣ рӯзи 12-уми сентябри имсол аксари онҳо дар паноҳгоҳи “Ал-Ҳол” ҳастанд.

Пештар мақомоти масъули Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Ироқ зиёда аз 80 кӯдаки тоҷикро ба ватан баргардонда, баъзеи онҳоро ба наздикон ва бархеи дигарро ба интернатҳо супордида буданд.

Бояд қайд кард, ки ба давлатҳои Сурия ва Ироқ рафтани шаҳрвандони Тоҷикистон аз соли 2014 оғоз шудааст. Тибқи иттилои дастрас «соли 2014 тақрибан 1900 шаҳрванди кишвар, аз ҷумла занону кӯдакон ба қаламравҳои Сурияву Ироқ рафтаанд. Додгоҳи Бағдод ҳамсарони ҷангҷӯёни ДИИШ-ро барои “убури ғайриқонунии марз” ва “ҳамзистиву кӯмак ба террористон” ба солҳои тӯлонии зиндон маҳкум кардааст. Аз ҷумла, 43 зани тоҷик, ки дар зиндонҳои Ироқ мебошанд, аз 15 соли зиндон то ҳабси абад маҳкум шудаанд».

Ин ҳама аз он дарак медиҳад, ки шахсони ба гурўҳҳои террористиву экстремистӣ шомилшуда оқибат худашонро ба чоҳи нобудӣ андохта, худ, наздикон, ҳамдиёрон ва миллату ватанашро доғдору бадном месозанд. Ҳар як инсони солимфикрро лозим аст, пеш аз он ки ба коре даст бизанад ва ё ба амале тасмим бигирад, аввал бояд аз оқибати он андеша намояд.

Дар охир ба шаҳрвандони ҷумҳуриамон, хосатан ба ҷавонони кишвар бо ду мисраъ шеър гуфтаниам, ки:

 

Ба ҳар коре нахуст андеша бояд,

Ки беандеша корат хуш наояд.

 

Раҷабалӣ Худоёрзода,

сардори

Маркази таҳлилӣ-

иттилоотии ДДБ ба номи

Носири Хусрав